ВидеоМуҳоҷирон

ФОҶИАИ ХУНИН ДАР ОИЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕРМ: ШОҲНАЗАР ЧАРО ШАБНАМУ ПАДАРАШРО КУШТ? (ВИДЕО)

Рӯзи 12 октябр парвандаи ҷиноятӣ ба зидди сокини 26-солаи Перм Шоҳназар Шозафаров ба додгоҳи кишвари Перм ирсол шул. Ин ҷавони зодаи Тоҷикистон ба қатли бераҳмонаи ҳамсари 21-солаи ҳомилааш Шабнам ва падарарӯси 48-солааш Ҳоҷиқурбон айбдор мешавад.  Дар ин бора дар хадамоти матбуоти додгоҳи кишвари Перм ба сомонаи маҳаллии  Properm.ru хабар додаанд.  Ба Шозафаров бар асоси қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия барои  бо бераҳмии махсус куштани ду нафар, аз ҷумла қатли дидаю донистаи зани ҳомила) аз 8 то 15 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад. Санаи оғози мурофиа ҳанӯз таъйин нашудааст.

Дар ҷараёни тафтишот Шоҳназар Шозафаров ду дафъа мавриди ташхиси тиббии рӯҳию равонӣ қарор гирифт ва ҳарду ташхис ба хулосае омад, ки ҳангоми қатли ҳамсару падарарӯсаш ақлаш дар сараш буд. Худи Шозафаров дар рафти тафтишот ба гуноҳи худ иқрор карда гуфтааст, ки Шабнам мехост аз вай ҷудо шавад ва кӯдаки батнашро исқоти ҳамл (аборт) кунад ва ҳамин боиси низоъи хунине шуд, ки бо чунин фоҷиа анҷомид.

Ёдовар мешавем, рӯзи 3 феврали соли 2021 дар маҳаллаи Заостровкаи шаҳри Пер Шабнам Шозафароваи  21-сола ва падари 48-солаи ӯ Ҳоҷиқурбонро куштанд. Ҷасади оғӯшта ба хуни Шабнамро дар даруни хона ва ҷасади падарашро дар кӯча пайдо карданд. Дар ин ҷиноят билофосила домоди хонавода – шавҳари Шабнамро гунаҳкор карданд, ки ин ҷавонзан мехост аз вай ҷудо шавад.

Аз ин ҷуфти ҷавон ду фарзанди хурдсол –писар ва духтар ятим монд. Нигоҳубини онҳоро амаки Шабнам ба дӯши худ гирифт ва кӯдаконро ба Тоҷикистон бурд.

Ҷанозаҳои Шабнаму падарашро ҳам модари мотамзадаи ин ҷавонзан барои гӯручӯб ба Тоҷикистон бурд. Ин хонавода аз Тоҷикобод буда, падару модари Шабнам тақрибан 30 сол пеш, дар оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Перм кӯчида омада буданд.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун беш аз 1000 тан аз зодагони Тоҷикистон ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Бархеи онҳо, мисли Шабнаму Ҳоҷиқурбон бо марги маҷбурӣ аз дасти ҳамватанҳояшон тарки ин дунё мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button