ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ВО-АҶАБ! ДУЗДИ КИСАБУР ДАР ПОЙТАХТ 27 900 ДОЛЛАР ВА 60 ҲАЗОР СОМОНИРО ДУЗДИДААСТ

Як марди 43-солаи сокини ноҳияи Вахш дар пойтахт бо гумони дуздӣ дастгир шудааст. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон гуфт, ки ӯ ба дуздии маблағи фавқулодда бузург айбдор мешавад.

Боздошти сокини Вахш бар асоси шикояти як марди 38-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аст, ки дар аризааш ба шуъбаи милитсияи ин ноҳия гуфт, рӯзи 28 сентябр  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз дохили ҷузвдонаш 27 ҳазору 900 доллари амрикоӣ ва 60 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button