ВидеоҲодиса

БОЗДОШТИ СОКИНИ НУРОБОД БАРОИ ДУЗДИИ 27 САР ЧОРВОИ МАРДУМ

Як сокини ноҳияи Нуробод бо гумони даст доштан дар дуздии 27 сар чорвои калони мардум боздошт шудааст. Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Нуробод хабар дод, ки Азалшои Раҳмиддин, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Муҷихарф ҳоло дар шуъбачаи дараи Ҳакимӣ дар боздошт қарор дорад.

Дараи Муҷихарфро аз дараи Ҳакимӣ як кӯҳ аз ҳам ҷудо мекунад ва ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, Азалшои Раҳмиддин бо шариконаш чорвои сокинони деҳаҳои дараҳои Ҳакимӣ а Муҷихарфро аз чарогоҳҳои воқеъ дар кӯҳҳо дуздида, забҳ мекард ва гӯшташро дар бозорҳо ба савдо мезад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, Ҷунайдуллои Зиёрат ном сокини дараи Муҷихарф говашро аз байни говҳои ҳанӯз нокуштаи дастаи Азалшои Раҳмиддин шинохта, гирифтааст.

Сокинон мегӯянд, қазияи боздошти Азалшои Раҳмиддин бо иттиҳоми дуздии говҳои мардумро имомхатибон дар мавъизаи намози ҷумъаи гузашта баён карда, сокинонро даъват кардаанд, ки ҳалолро аз ҳаром фарқ кунанд ва ҳеҷ гоҳ даҳони худу аҳли байти худро ба луқмаи ҳаром одат накунонанд.

Вале сокинон тарс доранд, ки парвандаи  говдузди дастгиршуда мабодо, ба қавли мардум, “ҳаллу вал” нашавад. Онҳо мегӯянд, бархе ҷабрдидаҳоро, ки чорвои худро аз даст додаанд, гӯё ҳушдор додаанд, ки зиёд дунболи ин қазия нагарданд, чунки Азалшои Раҳмидин “пушти зӯр” дорад ва ба зудӣ ба озодӣ мебарояд.

Мақомот ин қазияро то ҳол расман шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button