ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ АНГУРУ РЕГ ВА БЛОКҲОИ БЕТОНӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН (4 АКС)

Маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҷилавгирӣ шудани мавридҳои нави қочоқи маҳсулот дар марзи Тоҷикистон бо вилояти Бодканд Лайлак хабар дод.

Аз ҷумла марзбонҳои қирғиз рӯзи 11 октябр дар мавзеи Добои ноҳияи Бодканд як мошини Hyundai-Porter  таҳти идораи С.А.-ро  боздошт кардаанд. Ронандаи ин мошин аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба таври қочоқӣ 1 тоннаю 650 кило ангур мебурд.

Худи ҳамон рӯз дар мавзеи Борбордуқи ноҳияи Лайлак аз ҷониби марзбонон ҳамроҳи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз ду мошини дигари Hyundai-Porter боздошт шуд. Ронандагони онҳо: шаҳрвандони Қирғизистон Р.Т. ва Ш.М., соли таваллуди ҳардуяш 1988, мехостанд бо роҳҳои қочоқӣ ва бидуни ҳуҷҷат аз Тоҷикистон рег ва блокҳои газобетонӣ  биоранд.

Ҳафтаи гузашта Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҷилавгирӣ шудани қочоқи қанду лимӯ ва ҷуворимакка ба маблағи тақрибан 10 ҳазор доллар дар марзи Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлак хабар дода буд.

Қирғизистон аз 22 май, дар пайи муноқишаи хунини охири моҳи апрел марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад.

Дар муноқишаи охири моҳи апрел дар марзи ин ду кишвар аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button