ВидеоТоҷикистонҶомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТ АЛАКАЙ 40 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ. ТО ҲОЛ ЯГОН ШИКОЯТ АЗ “ОБЛАВА” НЕСТ

Дар 10 рӯзи аввали мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нақшаи даъват алакай дар ҷумҳурӣ беш аз 40 фоиз иҷро шудааст, – хабар дод вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар сомонааш.

Полковник Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорат гуфт, дар ҷои аввал Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истодааст, ки нақшаи даъватро дар инҷо алакай 96 фоиз иҷро кардаанд. Дар ин вилоят ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ алакай дар хусуси пурра ба анҷом расонидани нақшаи даъват гузориш додаанд.

“Аз рӯзи оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, дар 10 рӯзи аввал иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 61 фоиз баробар буда, аллакай шаҳру навоҳии Ваҳдат, Рашт, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод  ва Лахш  аз анҷоми нақшаи ба онҳо пешбинишуда гузориш доданд”, – хабар дод сухангӯи вазорати мудофиа.

Бино ба иттилои ӯ, иҷрои нақшаи даъват дар 4 ноҳияи пойтахт дар 10 рӯзи аввал 49 фоиз, дар вилояти Суғд 32 фоиз ва дар вилояти Хатлон 29 фоизро ташкил дода, аз 25 шаҳру ноҳияи ин вилоят  то имрӯз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз иҷрои пурраи нақшаи даъват ҳисобот додааст.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябр ва ноябр сурат мегирад.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон расман мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Даъвати тирамоҳӣ то 30 ноябр давом мекунад.

 Ин нахустин даъват дар пайи қабули қонун дар дар бораи хидмати алтернативист. Бар асоси он, шаҳрвандоне, ки намехоҳанд ду сол хидмати ҳарбӣ бираванд, метавонанд бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ маблағ ба буҷаи давлат, ҳамагӣ як моҳ хидмат кунанд. Бисёриҳо умедворанд, ки ин қонун заминаро аз зери пои коррупсия дар сохторҳои комиссариатҳои ҳарбӣ зада, ба таҷрибаи бадномшудаи “облава” нуқта мегузорад.

Хизмати ҳарбӣ  дар Тоҷикистон барои мардони ҷавони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм кардаанд,  ҳатмӣ буда, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи  қонун, ба шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм мекунанд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ва ба таври амалӣ аз худ кардани донишҳои ҳарбии андӯхтаашон сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳазор нафар баршумурда мешавад, вале қувваҳои мусаллаҳ дар ҳар даъват ба ҳамагӣ 7 то 8 ҳазор наваскар ниёз доранд. Чунин таносуби бузурги байни тақозо ва пешниҳод заминаро барои коррупсия ҳамвор кардааст.

Қарори маълум, қаблан ҳар даъват ба саффи артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳои фаровон аз “облава” ҷараён мегирифт. “Облава” номест, ки мардум ба мавридҳои дар кӯчаю бозор ва ҳатто аз хонаҳояшон маҷбуран доштану ба артиш бурдани ҷавонони синну соли хидматӣ гузоштаанд. Дар ҳар мавсими даъват дар Интернет видеоҳои зиёде гузошта мешуд, ки чӣ гуна кормандони мақомот ҷавононро дар кӯча дошта, ба мошинҳо бор мекунанд, то ки ба комиссариати ҳарбӣ баранд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Бо гузашти қариб ду ҳафта аз оғози мавсими тирамоҳии даъват то ҳол дар бораи мавридҳои нави “облава” аз Тоҷикистон шикояте ба даст нарасидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button