ВидеоСиёсат

ЭЪТИРОЗИ ЗИДДИ САФАРИ Э.РАҲМОН ДАР ВИЛНЮС.ДАР БРЮССЕЛ БА ОППОЗИТСИЯИ ТОҶИК ИҶОЗАТИ ҶАМЪШАВӢ НАДОДАНД

 Рӯзи 12 октябр як гуруҳи тарафдорони оппозитсияи тоҷик дар назди бинои намояндагии Иттизоди Аврупо дар шаҳри Вилнюс, пойтахти Литва ба зидди даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ин созмон дар Брюссел эътироз кард. Аз аксҳое, ки ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, дида мешавад, ки дар ин тазоҳурот ҳудуди 10 нафар аз мухолифини тоҷики муқими Литва, аз ҷумла Илҳомҷон Ёқубов, Бобоҷон Қаюмов, Шоҳнаими Карим, Сулаймон Давлатов иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Онҳо бо худ шиорҳое доштанд, ки аз Иттиҳоди Аврупо барои даъвати Эмомалӣ Раҳмон мазаммат мекунад. Дар анҷоми тазоҳурот эътирозгарон як қатънома ба зидди сафари Эмомалӣ Раҳмонро қабул карда, онро ба дасти масъулони дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Вилнюс супурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдории Брюссел, ки аксари дафтарҳои асосии Иттиҳоди Аврупо дар ҳамин шаҳри пойтахти Белгия ҷойгир шудааст, ба оппозитсияи  тоҷик  иҷозати баргузории пикет ба зидди Эмомалӣ Раҳмонро надодаанд.

Як масъули Паймони миллӣ, як эътилофи нирӯҳои мухолифини тоҷик дар Аврупо ба сомонаи ба мухолифин наздики “Паём” гуфтааст, ки фаъолони оппозитсияи тоҷик мехостанд дар Брюссел намоиши эътирозӣ баргуҳор кунанд, аммо мақомоти Брюссел гуфтаанд, ки барои баргузории пикет бояд 10 рӯз қабл ариза менавиштанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо як силсиласафар дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 11 октябр дар Брюссел бо роҳбарони аршади Иттиҳоди Аврупо масоили ҳамкориҳо ва вазъи Афғонистонро баррасӣ кард. Рӯзи 12 октябр сафари серӯзаи ӯ ба Фаронса сар мешавад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 октябр дар Порис бо раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот мекунад. Дар баробари масоили равобити дуҷониба, дар ин дидор низ як мавзӯи асосӣ Афғонистон хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ангуштшумор роҳбарони давлатҳост, ки нисбат ба режими нави Толибон дар Афғонистон мавқеи шадидан мухолифро интихоб кардааст ва ошкоро аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, ҳимоят мекунад.

Зоҳиран яке аз ҳадафҳои асосии ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Брюсселу Порис  ба даст овардани ҳимояти Аврупо аз ин мавқеъгириҳояш дар масъалаи Афғонистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button