АфғонистонЧеҳраҳо

ЭЪЛОМИЯИ НАВИ АҲМАДИ МАСЪУД: ХУДО ХОҲАД, РӮЗЕ БАР ИН ТЕРРОР, ЗУЛМ ВА ҶАҲОЛАТ ДАСТБОЛО ХОҲЕМ ШУД

Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки ба зидди режими нави Толибон меҷангад, рӯзи 12 октябр бо нашри як эъломия аз эътирофи расмии ҳукумати Толибон худдорӣ кардани кишварҳои дунёро як комёбии ин ҷабҳаи таҳти раҳбарии худ номид ва изҳори умед кард, ки ин кишварҳо  ба мавзеъгирии мантиқӣ ва муносиби худ идома дода, ҳамчунон аз шинохти режими Толибон истиҳола карда, рӯи ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон пойфишорӣ хоҳанд кард.

“Фарёди баланди адолатхоҳии занону хоҳарони шуҷоъ ва боҳимматамон дар баробари зулм, табъиз, истибдод, ҷуғрофияи Муқоваматро сартосарӣ сохт ва ба як доияи милливу инсонӣ мубаддал намуд. Натиҷаи истодагӣ ва эътирозоти шумост, ки ҷаҳон аз ба расмият шинохтани Толибон имтиноъ намуд”, – гуфтааст Аҳмади Масъуд хитоб ба тарафдорони муқовимати зидди Толибон дар эъломияи хаттие, ки дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Ба ақидаи Аҳмади Масъуд, “бидуни шак, Афғонистон ниёзманди ташкили як давлати воқеии фарогир, бархоста аз иродаи миллат ва муташаккил аз ақвоми мутанаввеъ мебошад, то аз ҳуқуқи асосӣ ва мутолиботи воқеии мардум намояндагӣ карда битавонад.”

Ӯ ин муқовиматро эътироз ва истодагӣ дар баробари “террор, ҷанг, ҷаҳолат, зулм ва ишғол” номида, Толибонро ба қатли ом ва ҷиноятҳои ҷанг айбдор кардааст.

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо натиҷагирӣ аз қариб ду моҳи султаи Толибон навиштааст, ки онҳо бо идомаи ҷурму ҷиноёт, қатли мардуми мулкӣ ва низомиён, саркӯбгарӣ ва эъдомҳои саҳроӣ, ғорату ғасбу чаповули дороиҳои сокинон, таҷовуз бар ҳарими шахсии мардум, эъмоли сиёсати табъизу таассуб ва дигар рафтори хашинашон талош доранд, то садои ҳаққталабона ва озодихоҳонаи мардуми норозиро хомӯш кунанд.

 “Қатли оми намозгузорон дар масҷиди ҷомеъи Сайидободи Қундуз, кӯчдоданҳои иҷбории мардуми мулкӣ аз хонаҳо ва амлокашон, ба вежа дар вилоятҳои Қандаҳор, Балх, Дойкундӣ ва минтақаи Андаробҳо, нопадидсозии афрод ва қатлҳои дастаҷамъӣ дар вилояти Панҷшер ҳама мисдоқҳои равшани ҷароими ҷангӣ, наслкушӣ, поксозии қавмӣ ва ҷиноят алайҳи башарият аст”, – таъкид кардааст Аҳмади Масъуд.

Ӯ аз ҷомиаи байналмилалӣ хостааст, то ҷиҳати расидагӣ ба вазъи риққатбори башарӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсонӣ ва хатми ҷиноёти ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон оҷилан иқдом кунад.

Аҳмади Масъуд  гуфт, Ашраф Ғанӣ Афғонистонро ба Толибон супурда, бо пули мардум аз кишвар фирор кард ва дар натиҷа дар Афғонистон дигарбора терроризми байналмилалӣ ҷон мегирад.

“Ҷабҳаи муқовамати миллӣ хостори низоме аст, ки ба иродаи мардум ва тавассути роҳҳои машрӯъ ва қонунӣ рӯйи кор омада бошад”, – гуфтааст раҳбари Ҷабҳаи муқовимат.

Ӯ изҳори итминон кардааст, ки муқовамат ва истодагариҳои мардум дар матни таҳаввулоти геополитикии минтақа, умед ва уфуқи тоза барои сарзамину миллати Афғонистон офарида, Ҷабҳаи муқовимат дар ин масир бо мардум то охири роҳ ва пирӯзии ниҳоӣ ҳаракат хоҳад кард. “Ҷабҳаи муқовамат барои гузор аз вазъияти мавҷуд ба вазъияти матлуб саъй менамояд, то Худо бихоҳад, рӯзе шоҳиди баргардондани машрӯъият ва сулҳи пойдор ба Афғонистон бошем”, – гуфтааст раҳбари Ҷабҳаи муқовимат.

Аҳмади Масъуд соли 1989 дар хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ 12 сол дошт, ки падарашро ҷангиёни шабакаи Ал Қоида дар як ҳамлаи мусаллаҳона куштанд. Аҳмади Масъуд  дар Академияи ҳарбии Сандерҳерсти Бритониё ва солҳои 2012 то 2015 дар факултаи таҳқиқоти ҳарбии коллеҷи подшоҳии Лондон таҳсил карда, соли 2016 риштаи сиёсати байналмилалии Донишгоҳи шаҳри Лондонро хатм кардааст.

Ӯ соли 2016 ба Афғонистон баргашт ва раҳбарии Сандуқи Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯш гирифт.  Баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button