ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ХАБАРИ МУҲИМ! РУСИЯ 150 ҲАЗОР МУҲОҶИРИ ТОҶИК ВА 150 ҲАЗОР ӮЗБЕКРО АФВ КАРД (ВИДЕО

Президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов  хабар дод, ки мақомоти Русия 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва 150 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистонро, ки ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мешуданд, афв кардаанд.

Ӯ гуфт, ба ин афв дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ ва мураккаб ноил шуданд ва ВКД Русия ҳанӯз рӯзи 18 август номи аксари муҳоҷирони афвшударо аз рӯйхатти сиёҳаш берун кардааст.

“Вале агар қарори берун кардани шуморо бо ҳукми додгоҳ бароварда бошанд, мутаассифона, бояд бигӯям, ки шумо шомили ин афв намешавед. Танҳо онҳое мавриди афв қарор мегиранд, ки қарори берун кардани онҳоро ВКД Русия бароварда бошад. Дар чунин сурат шумо метавонед ба мақомоти пулис расман дархост бидиҳед ваё тавассути сомонаи ВКД Русия тафтиш кунед, ки оё номи шумо ҳам дар рӯйхатти сиёҳ ҳаст ё не?” – хабар дод Вадим Коженов.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин дар Қирғизистон, боз як кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз Русия рондан ва “запрет” задан ба ҳар муҳоҷир аз ин кишварҳо ба маънои аз манбаи асосии даромадаш маҳрум кардани дастикам як хонавода аст. Мутаассифона, мақомоти ин се кишвар то кунун як алтернативаи дурусте пайдо накардаанд, ки дар сурати ба рӯйхатти сиёҳи Русия афтодану аз ҳаққи сафар ба онҷо маҳрум шудан муҳоҷиронашон бояд чӣ кор кунанд ва аз куҷо шуғле барои таъмини рӯзгор пайдо кунанд?

Чанд сол пеш шумораи шаҳрвандони тоҷик дар рӯйхатти сиёҳи Русия аз 300 ҳазор бештар буд. Соли 2018 гуфта мешуд, ки беш аз 200 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карда шудаанд.

Солҳои охир чунин омор дигар нашр шуд. Вале аз Русия пайваста дар бораи ихроҷи гуруҳ-гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик то ҳол хабарҳо ба даст мерасанд. Тобистони соли ҷорӣ дар пайи чанд занозании гуруҳии паиҳам байни муҳоҷирон, мақомоти Русия ҳушдор доданд, ки аз ин ба баъд ҳамаи он муҳоҷиронеро, ки дар занозаниҳои гуруҳӣ ва дигар қонуншиканиҳо даст доранд, бераҳмона аз Русия ихроҷ хоҳанд кард.

Федератсияи муҳоҷирони Русия барои муҳоҷирон як дастурамали видеоӣ ҳам тартиб додааст, ки чӣ гуна метавонанд номи худро тафтиш кунанд, ки оё ҳаққи сафар ба Русияро доранд ваё номи онҳо ба “запрет” афтодааст? Шумо метавонед ин дастурамалро инҷо бубинед: 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button