МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

18 МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО АЗ ОСЕТИЯИ ҶАНУБӢ БЕРУН ОВАРДА, БА ВАТАН ФИРИСТОДААНД (2 АКС)

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки бо мусоидати хадомти консулии ин сафорат рӯзи 11 октябр 18 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо сабабҳои гуногун дар шаҳри Схинвал, маркази ҷумҳурии эътирофношудаи Осетияи ҷанубӣ дармонда буданд,  аз ин минтақа берун оварда, ба Ватан фиристодаанд.

“Зимни сафари онҳо ба Тоҷикистон, ба шаҳрвандон аз ҷониби сафорат ҳамаи кумакҳои зарурӣ расонида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки сафорат чунин мусоидатро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои мазкур мунтазам анҷом медиҳад”,  гуфта мешавад дар иттилоияи сафорат.

Бино ба иттилои пойгоҳи “Бомдод”, муҳоҷирони тоҷики дар Осетияи ҷанубӣ дармондаро ба шаҳри Налчик оварда, аз фурудгоҳи ин шаҳр ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Рӯзи 29 майи соли ҷорӣ низ 10 муҳоҷири тоҷики дар Осетияи ҷанубӣ дармондаро бо кумаки кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия берун оварда, аз тариқи фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ба Тоҷикистон фиристода буданд.

Ҳар сол даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар ҷустуҷӯи ҷои кор худро ба минтақаҳои эътирофношудаи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон ва ҳамчунин ба нимҷазираи Қрим мезананд. Азбакски мақоми ҳуқуқии ин минтақаҳо баҳсбарангез аст, ин муҳоҷирон ҳангоми хуруҷ аз Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон дучори мушкилот мешаванд. Бархе шаҳрвандони Тоҷикистон ба сабаби надонистани ҳассосияти масъала баъди 3 моҳи будубош дар Қрим барои  аз нав аз сари хат сар кардани муҳлати будубоҳи худ кӯшиш мекунанд, ки аз Қрим ба қисмати боқимондаи Украина бираванд. Бехабар аз он ки дар Украина онҳоро барои вуруди ғайриқонунӣ ба “минтақаи ишғолшуда”, яъне Қрим метавон ҷазои шадид бидиҳанд ва ҳатто ба зиндон биандозанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button