ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ДАР ЯК СОЛ БОЗ 2332 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ҲАҚҚИ ИҚОМАТ ДАР АМРИКОРО БА ДАСТ ОВАРДААНД

Бино ба иттилои маркази консулии Кентукки, дар лотереяи Green Card  барои соли 2021 дар саросари дунё қариб 12 миллион нафар иштирок карда, 55 ҳазор нафар баранда шудаанд. Ин лотерея ба ғолибон ва аҳли хонаводаи онҳо ҳаққи иқомату кор дар Амрикоро медиҳад.

Аз байни кишварҳои Шӯравии собиқ бештар аз ҳама – 6001 нафар аз Русия  ва 5604 нафар аз Украина соҳиби ҳаққи иқомат дар Амрико шуда, зодагони Ӯзбекистон бо 5319 баргаи Green Card   дар паҳнои собиқ СССР ҷои сеюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷои аввалро гирифтаанд.

Дар минтақа дар ҷои дуюм Қазоқистон бо 2406 барандаи лотереяи Green Card барои соли 2021, сипас Тоҷикистон бо 2332 ҳаққи иқомат дар Амрико ва Қирғизистон  бо 2130 барандаи лотерея меоянд. Ҳамин тавр, 2293 сокини Арманистон, 1899 сокини Гурҷистон, 1565 молдован ва 1439 зодаи Озарбойҷон аз тариқи лотерея соҳиби ҳаққи иқомат дар Амрико шудаанд.

Ёдовар мешавем, танҳо дар нимаи аввали соли 2021,  беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буд. Яъне ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 241 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтааст.

Ҷомиашиносони тоҷиказ як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд. Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Ахиран Департаменти давлатӣ, ё худ вазорати хориҷаи Амрико расман аз оғози мавсими нави сабти номҳо барои Барномаи Грин Корт (Diversity Visa Lottery) дар соли 2023 бо усули онлайн хабар дод. Чунин имконият аз 6 октябри соли 2021 шурӯъ шуда то 9 ноябри соли 2021 давом хоҳад ёфт.

Барои шомил шудан ба Барномаи Грин Корт барои соли 2023 сабти ном бояд тавассути сомонаи махсуси https://dvprogram.state.gov/?fbclid=IwAR2740BM-fPwgYpKrB9i9kObhN657uWjfnR70rHX6QDVaS0Qq_9Ri7babLM   амалӣ шавад. Аз касоне, ки хоҳиши сабти ном доранд, хоста шудааст, ки сабти номро то ҳафтаи охирон мавқуф нагузоранд, зеро теъдоди зиёди хоҳишмандон боиси аз кор мондани сомона шуда метавонад.

“Сабти баъди муҳлат, ё тавассути пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои чопӣ қабул карда намешавад. Сабти номҳо ба барнома ба таври РОЙГОН мебошад”, – таъкид шудааст дар эълоне, ки сафорати Амрико дар Тоҷикистон нашр кардааст.

Ҳар сол Амрико ба 50 ҳазор нафар аз саросари ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон тавассути лотереяи Барномаи Грин Корт ҳаққи иқомат медиҳад.  Вале агар солҳои қабл таваҷҷуҳ ба кӯчидан ба Амрико барои зиндагии доим дар Тоҷикистон ба фарқ аз, барои мисол, Ӯзбекистон хеле камтар мушоҳида мешуд, ҳоло шумораи довталабони ба даст овардани ҳаққи иқомат дар он сӯи уқёнус дар Тоҷикистон низ хеле афзудааст ва ҳатто даҳҳо ширкатҳое пайдо шудаанд, ки корашон пур кардани ҳуҷҷатҳои лозими довталабони ширкат дар лотереяи Грин Корти Амрикост.

Чанд сол пеш оморе нашр шуд, ки бар асоси он, аз ибтидои асри 21 беш аз 5000 нафар аз зодагони Тоҷикистон ҳаққи иқомат ва ҳатто шаҳрвандии Амрикоро ба даст овардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button