ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ДУШАНБЕ ЯК СОЛ БОЗ ПУЛИ 5 МОШИНИ “ОПЕЛ”–РО НАДОДААСТ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 32-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020, марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои фурӯш 5-адад автомашинаҳои тамғаи “Опел-Астра”-ро ба маблағи 540 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, автомашинаҳоро фурӯхта, маблағҳояшро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад, – хабар додааст  маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button