ВидеоИлму фанноварӣМуҳоҷирон

РУСИЯ БО ПЕШНИҲОДИ ШАҲРВАНДИАШ ТАБИБОНИ ХОРИҶИРО БА КӮЧИДАН ҶАЛБ МЕКУНАД

Вазорати кори Русия рӯйхатти кормандони соҳаи тибро, ки метавонанд бо тартиби боимтиёз соҳиби шаҳрвандии Русия шаванд, васеътар карда, ба ин рӯйхат намояндагони 33 касби нав, аз ҷумла 5 касби соҳаи тибро илова кардааст, – хабар додааст нашрияи русии «КоммерсантЪ».  Ба ин рӯйхат акнун ҷарроҳони кӯдакон, табиби бемориҳои сироятӣ (инфекционист),  духтури қалб (кардиолог), ревматолог ва ҳамчунин ҳамшираи тиббии посгоҳ (постовая медицинская сестра) шомил карда шудаанд. Русия соли 2019 ба намояндагони 61 касбу кори гуногун, асосан ба кормандони тиб, тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандиашро пешниҳод карда буд. Он вақт ба рӯйхатти касбҳои боимтиёз барои дарёфти шаҳрвандии Русия табибони саратоншинос (онколог), аз ҷумла табибони саратони кӯдакона, бактериологҳо, неврологҳо, гинекологҳо, духтурони чашм (офтальмолог), духтурони гӯшу гулӯю бинӣ (оториноларинголог), фелдшерҳои “Ёрии таъҷилӣ”), табибони ёрии паллиативӣ, анестезиолог-реаниматологҳо, духтурони амроҳи рӯҳии кӯдакону наврасон, пизишкони дандон, наркологҳо, ҷарроҳон ва табибони бемориҳои сил (фтизиатр) шомил карда шуданд.

Осон кардани тартиби дарёфти шаҳрвандии Русия барои шумори боз ҳам бештари кормандони тиб дар пасманзари изҳори нигарониҳо аз камбуди шадиди табибон дар ин кишвар сурат мегирад. Муовини сарвазири Русия Татяна Голикова ахиран камбуди кадрҳоро мушкили №1 барои соҳаи тандурустии ин кишвар номид. Муовини вазири тандурустии Русия Татяна Семенова рӯзи 7 октябр дар маросими гушоиши як маркази тиббӣ дар заминаи Пажуҳишгоҳи ба номи Пирогов изҳор дошт, ки “Русия ҳамчунон ба камбуди корманди тиб, бахусус табибон рӯбарӯст.”

Муовини раиси Палатаи ҷамъиятии Русия оид ба сиёсати иҷтимоӣ Екатерина Курбангалеева дар суҳбат бо “КоммерсантЪ” гуфт, бино ба омори Росстат, соли 2018  дар Русия тақрибан 50 ҳазор табиб, яъне ҳудуди 10% аз шумори умумии табибон дар ин кишвар намерасид. “Дар якуним соли пандемия шумораи табибон боз ҳам ба таври қобили мулоҳиза бештар коҳиш ёфт. Одамон ин касбро тарк мекунанд, Баъзе ба далели синну сол, баъзе ба сабаби бори гарони кор”,— мегӯяд ӯ. Вале Курбангалеева бар ин аст, ки танҳо аз ҳисоби ҷалби табибони муҳоҷир наметавон ин мушкилро ҳал кард. “Аввалан, тайёр кардани як табиб чӣ дар Русия, чӣ дар Ӯзбекистон солҳои зиёдеро талаб мекунад. Сониян, табибони муҳоҷир бояд забони кишвареро, ки онҷо кор мекунанд, хуб бидонанд. Ва солисан, бояд низоми расондани ёрии тиббиро дар он кишвар хуб бидонанд, чунки ҳар кишвар дар ин масъала вижагии худро дорад”, афзудааст вай.

Дар ҳамин ҳол, вазорати тандурустии Русия тартиби супурдани имтиҳон барои табибонеро, ки дар хориҷ таҳсил кардаанд,  омода кардааст. Тибқи ин тартиб, барои як табиби хориҷӣ барои шурӯи кор дар Русия ин аснод лозим мешаванд:

  1. Диплом дар бораи маълумот ва тахассус;
  2. санади супурдани имтиҳони Росздравнадзор;
  3. санади супурдани имтиҳони забон, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия.

Бино ба маълумотҳо, дар солҳои охир танҳо аз вилояти Суғди Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор корманди тиб бо истифода аз тартиби содаи дарёфти ҳаққи иқомат ва шаҳрвандии Русия барои доим ба он кишвар кӯчидаанд.

Дар умум, танҳо дар нимаи аввали соли 2021,  беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст. Ин 12,8 ҳазор ё қариб 30% бештар аз 31 ҳазору 351 нафарест, ки дар нимаи аввали соли 2020 шиносномаи хокистарранги тоҷикиро ба шиносномаи сурхи бо уқоби дусараи Русия иваз карда буд. Имсол ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 241 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтааст. Соли гузашта  ҳар рӯз  ба ҳисоби миёна 173 тоҷик шаҳрванди Русия мешуд.

Ҷомиашиносони тоҷиказ як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд. Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button