АфғонистонВидеоКоррупсия

ПИСАРИ ЯК ВАЗИРИ СОБИҚИ АФҒОН ДАР АМРИКО БО НАРХИ 20,9 МЛН $ ҚАСР ХАРИДААСТ

Хабаргузории Khaama Press хабар дод, ки Довуд Вардак, писари Абдулраҳим Вардак – вазири собиқи дифои Афғонистон, дар минтақаи Беверли-Ҳиллз дар шаҳри Майами дар аёлати Флоридаи Амрико бо нархи 20,9 миллион доллар як қасри бошукӯҳ харидааст. Ин қаср бар иловаи қасри дигари нархаш 5,2 миллион доллар аст, ки Довуд Вардак қаблан дар Майами-Бич дар минтақаи муътабари Сент-Реҷис-Бал-Ҳарбор харида буд.

 Дар бораи чӣ тиҷорат доштану аз кадом ҳисоб миллионҳо доллар ҷамъ овардани Довуд Вардак маълумоте дастрас нест. Танҳо аз асноди расмӣ бармеояд, ки писари вазири собиқи афғон дар Майами раиси ширкате бо номи AD Capital Group будааст.

Бино ба иттилои журналисти афғон Наҷибуллоҳ Лалзой,  бародари калонии Довуд Вардак – Ҳамид Вардак роҳбари ширкати ҳарбию нақлиётии NCL Holdings мебошад. Қароргоҳи асосии ин ширкат дар Вирҷиния аст, вале он асосан дар афғонистон кор мекард.

Бино ба иттилои дарёфтии “Хома Пресс”, ширкати Ҳамид Вардак аз ҳукумати Амрико ба маблағи 360 миллион доллар қарордодҳо ба даст оварда, асосан ба таъмини амнияти борҳое машғул буд, ки Амрико ба Афғонистон мефиристод.

Падари онҳо Абдулраҳим Вардак, ки ҳоло 76 сол дорад, дар ҳукумати Ҳамид Карзай аз соли 2004 то 2012 вазири дифоъ буд.

“Хома Пресс” таъкид мекунад, ки “Довуд Вардак дар ҳоле ба чандин миллион доллар хона мехарад, ки беш аз 20 миллион мардум дар Афғонистон нимгурусна ба сар мебаранд, миллионҳо кӯдак азоби гуруснагӣ мекашанд ва садҳо ҳазор нафар беҷо шудаанд.”

Моҳи августи соли ҷорӣ билофосила баъди хуруҷи нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ҷангҷӯёни Толибон ҳукумати зери ҳимояти ин эътилофро сарнагун ва президент Ашраф Ғаниро водор ба фирор карданд. Мардум ба ҳимоят аз он ҳукумат барнахест. Як далели ин саропо дар фасоду дуздӣ ғарқ шудани мақомоти ҳукумати қаблӣ гуфта мешуд. Ҷомиаи ҷаҳонӣ дар 20 соли охир барои Афғонистон ҳудуди 1 триллион доллар сарф кард, вале аксари ин пулҳо ба яғмо рафтанд ва кишвар ҳамчунон харобу нообод ва мардумаш дар чоҳи фақр боқӣ монд.

Рӯзи 10 октябр Бонки миллии Афғонистон хабар дод, ки мансабдорони собиқ аз вилоятҳои Лугар, Хуст, Кобул ва Панҷшер ҳудуди 17 миллион долларро ба ин бонк супурдаанд.  Толибон ахиран эълон кард, ки барои ба кишварҳои ҳамсоя пардохт кардани 62 миллион доллар қарзи ҷамъшуда аз истифодаи нирӯи барқ молу мулки мансабдорони ҳукумати қаблиро ба фурӯш хоҳанд зад.

Ҳокимони нави Афғонистон аз президенти собиқ Ашраф Ғанӣ ва дигар мансабдорони ҳукумати ӯ талаб доранд, ки пулҳои дуздидаашонро баргардонанд. Бино ба хабарҳо, Ашраф Ғанӣ рӯзи 15 август бо чархболҳои пур аз халтаҳои пул тарки Кобул кард. Сафири Афғонистон дар Душанбе Зоҳир Ағбар Ғаниро айбдор кард, ки 169 миллион доллар пули мардумро дуздида бурдааст.

Вале худи Ғанӣ баъди фирораш қасам хӯрда буд, ки ягон тин набурдааст. Ӯ гуфт, аз хона бо пойпӯши хонагӣ баромада, ҳатто фурсат наёфт, ки либосу кафшашро иваз кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button