АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БАҲСИ АФҒОНИСТОН ДАР МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ШӮРОИ ИТТИҲОДИ АВРУПО (6 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо силсиласафаре дар Аврупо қарор дорад, рӯзи 11 октябр дар шаҳри Брюссел бо президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот кард.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳо, ҳамчунин таҳияи Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро баррасӣ карда, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва нақши Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021-2027-ро муҳим хондаанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили обу энергетика, тағйирёбии иқлим ва масоили амниятиро низ матраҳ карда, ҳамчунин,бино ба гузориши  хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, “ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хоса намуданд.”

Эмомалӣ Раҳмон аз Шарл Мишел барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, гуфт, натиҷаҳои музокирот барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад. Дар фарҷоми суҳбат ӯ аз президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 10 октябр вориди Брюссел шуд, дар идомаи силсиласафараш аз 12 то 14 октябр аз Фаронса боздид мекунад. Интизор меравад, ки ӯ рӯзи 13 октябр дар Қасри Елисей дар Порис бо раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам вазъи Афғонистонро баррасӣ кунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо  масоили ҳуқуқи инсон ва вазъи озодиҳои демократӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шудааст ё на?

Дар арафаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик, як ниҳоди наздик ба нирӯҳои оппозитсионӣ, ки мисли дигар гуруҳҳои асосии мухолифин дар Аврупо фаъолият мекунад,  дар як нома аз парлумони Аврупо хост, ки 6 талаби муҳими мухолифини тоҷикро зимни ин сафар бо Эмомалӣ Раҳмон дар миён бигузоранд.

Аз Иттиҳоди Аврупо хоста буданд, то аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо кунад, ки мақомоти Тоҷикистон ба ҳабсу зиндонӣ кардан ва озору шиканҷаи мухолифини сиёсиаш ва наздикони онҳо  нуқта гузошта, ҳамаи маҳбусони сиёсиро аз маҳбасҳо озод кунанд.

Бас кардани сиёсати маҳдуд шудани мансабҳои калидӣ дар дасти аъзои хонавода ва хешу табори наздики президенти Тоҷикистон, роҳ кушодан ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, таъмини асли ивазшавандагии ҳукумат, фароҳам овардани дастрасии мардум ба озодиҳои шаҳрвандӣ, риояи Қонуни асосии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз ҷумлаи дигар талабҳоест, ки Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии тоҷик дар номаи худ ба парлумони Аврупо зикр карда буд.

Мулоқот бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел  11.10.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button