ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ТАКСИРОНИ ТОҶИКРО МУСОФИРОНАШ ДАР КАНОРИ ПЕТЕРБУРГ ЛАТУКӮБ ВА ҒОРАТ КАРДААНД

Як ронандаи такси аз Тоҷикистонро дар вилояти Ленингради Русия мусофиронаш латукӯб ва ғорат кардаанд. Ду ҷавон ва як духтар то хонааш дар шаҳраки Мурино, воқеъ дар канораҳои шимолии Санкт-Петербург, аз пардохтани пули роҳ саркашӣ карда, бараксҳо ҳамёну пул ва телефони  ронандаро ба яғмо бурдаанд.

Сомонаи маҳаллии «Невские новости»  бо  такя ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки он се нафар рӯзи 10 октябр аз шаҳраки Бугри савори такси шуда, то ба Мурино омадаанд, вале аз пардохтани пули роҳ саркашӣ кардаанд. Аз Бугри то Мурино қариб 9 километр роҳ аст.

Шаҳрванди Тоҷикистон ба пулис хабар додааст, ки он ду ҷавон ва як духтарро тибқи фармоиш ба мошин савор карда буд. Ба гуфтаи ҷабрдида, яке аз ин ҷавонон дар дасти шишаи пиво дошт ва дуюмӣ  — панҷараи оҳанини канализатсияро бо худ гирифта буд.

Баъди расидан дар хонаашон, он ду ҷавон аз додани пули такси саркашӣ карда, инро баҳона овардаанд, ки саёҳат маъқулашон нашуд. Ронанда духтарро, ки дар курсии пеш менишаст, иҷозати берун шудан надодааст ва гуфтааст, ки аввал роҳкироро бидиҳед. Вале мусофирон ронандаро латукӯб кардаанд. Духтар бошад, бо истифода аз фурсат телефони мобил ва ҳамёни ронандаро дуздидааст. Баъди ин ғоратгарон тавассути ҳавлиҳои Мурино фирор кардаанд. Маблағи умумии зарари ба таксирони тоҷик 42 ҳазор рубл (зери 600 доллар)-ро ташкил додааст.

Таксиронӣ як шуғли умдаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба шумор меравад. Вале ин шуғл орӣ аз хатар нест. Як хатари умда барои ронандагони такси эҳтимоли мавриди ҳамла қарор гирифтани онҳо аз ҷониби муштариёнест, ки гоҳо амдан танҳо бо ҳадафи ғорати ронанда такси киро мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button