ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ ДУ МОШИН АЗ ИСТАРАВШАН ДАР ДЕВАШТИЧ: РОНАНДА ҶОН ДОД, 2 МУСОФИР- ЗАХМӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷиктстон хабар дод, ки 9-уми октябри соли 2021, тахминан соати 15:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Пулотов Дониёр Бахтиёрович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2106», таҳти идораи ронанда, Шукуров Иззатулло Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки шаҳри Истаравшан бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи «Опел-Астра» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофиронаш: Азизов Искандар Ифтихорович ва Музаффаров Саидумар Тӯйчиевич, соли таваллудашон 2004, сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон садҳо нафар ҳалок ё маҷруҳ мешаванд. Аз ҷумла соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button