АфғонистонВидеоИқтисодКоррупсия

САРМУҲОФИЗИ АШРАФ ҒАНӢ: Ӯ БО ЧАНД ХАЛТА ПУЛ АЗ АФҒОНИСТОН ГУРЕХТ

Генерал Пирӯз Ато Шарифӣ, сардори муҳофизони президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар мусоҳиба ба нашрияи бритониёии Daily Mail гуфт, Ғанӣ 15 август ҳангоми фирор аз кишвар миллионҳо долларро бо худ бурдааст.

“Дар дасти ман сабти видеокамераҳои назоратии Арки раёсатҷумҳурӣ мавҷуд аст,  ки чӣ хел қабл аз фирори Ғанӣ ба инҷо пули зиёд овардани як одам аз бонки Афғонистонро нишон медиҳад. Онҷо садҳо миллион ва шояд миллиардҳо доллар буд. Чандин халтаи калони вазнин буд. Ва дар ин халтаҳо, албатта, биринҷ ки набуд ”, – нақл кардааст генерал Шарифӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ин пулҳо барои рехтан дар бозори асъор буд ва ҳар рӯзи панҷшанбе ба ин маҷсад доллари зиёд меоварданд. Вале рӯзи фирораш Ашраф Ғанӣ ин пулҳоро бо худ бурдааст.

Генерал Шарифӣ, ки худ аз Кобул баромада натавонист ва ҳоло аз тарси боздошт пинҳон ба сар мебарад, гуфтааст, далелҳояшро баъди расидан ба ягон макони амн нашр хоҳад кард.

Ӯ мегӯяд, Толибон барои пайдо кардани вай як миллион афғонӣ ҷоиза таъйин кардааст. Ин маблағ баробари тақрибан 11 ҳазор доллар аст.

Сардори муҳофизонаш ягона нафаре нест, ки Ашраф Ғаниро ба дуздии миллионҳо доллар айбдор мекунад. Аввал сафорати Русия дар Кобул гуфт, 15 август, вақте Ғанӣ фирор мекард, он қадар пули зиёд бо худ дошт, ки ҳамааш дар чархболҳо нагунҷид ва чанд халта пулро одамони ӯ дар фурудгоҳ партофта, рафтанд. Сафири Афғонистон дар Душанбе Зоҳир Ағбар Ғаниро айбдор кард, ки 169 миллион доллар пули мардумро дуздида бурдааст.

Худи Ғанӣ баъди фирораш қасам хӯрда буд, ки ягон тин набурдааст. Ӯ гуфт, аз хона бо пойпӯши хонагӣ баромада, ҳатто фурсат наёфт, ки либосу кафшашро иваз кунад.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии 1TV бо истинод ба манбааш дар ҳаракати Толибон хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ тақрибан як моҳ барои фирор омодагӣ мегирифт ва як ҳафтаи охир бо иштироки ӯву маъмурияташ, Раёсати амнияти миллӣ ва муовини аввалаш Амруллоҳ Солеҳ “секунҷаи берун кашидани пул аз бонкҳо” ташкил шуда буд.

Ҳамин тавр, бино ба ин гузориш, тайи як моҳи қабл аз фирор Ғанӣ ва атрофиёнаш чанд дафъа нақшаи фирорашонро ҳатто машқ карда будаанд.

Рӯзи фирор Ғанӣ ба муовинаш Солеҳ ҳам се соат пеш аз тарки Кобул нома фир истодааст, вале Солеҳ аз фирор саркашӣ кардааст. Чархболҳои Ғанӣ ва атрофиёнаш аввал ба Тоҷикистон парвоз кардаанд, вале Тоҷикистон онҳоро қабул накардааст ва онҳо маҷбур шудаанд ба Ӯзбекистон бираванд.

Толибон қаблан хабар дода буданд, ки аз хонаи Амруллоҳ Солеҳ беш аз 6 миллион доллар пули нақд ва хиштҳои тилло пайдо кардаанд. Вале афроди Солеҳ гуфтанд, ки аз хонаи ӯ ҳамагӣ 100 ҳазор доллар ёфтаанд. Солеҳ ҳоло дар Тоҷикистон ва Ғанӣ дар Дубай паноҳ бурдаанд.

Толибон ахиран эълон кард, ки барои ба кишварҳои ҳамсоя пардохт кардани 62 миллион доллар қарзи ҷамъшуда аз истифодаи нирӯи барқ молу мулки мансабдорони ҳукумати қаблиро ба фурӯш хоҳанд зад. Ҳокимони нави Афғонистон аз Ашраф Ғанӣ ва дигар мансабдорони собиқ талаб кардаанд, ки пулҳои дуздидаашонро баргардонанд.

Рӯзи 10 октябр Бонки миллии Афғонистон хабар дод, ки мансабдорони собиқ аз вилоятҳои Лугар, Хуст, Кобул ва Панҷшер ҳудуди 17 миллион долларро ба ин бонк супурдаанд.  “Ба суратҳисоби вижаи вазорати молия аз ҷониби бархе афроде, ки дар маъмурияти қаблии фасодзада хидмат мекарданд, пул ворид шудааст: 86 миллиону 164 ҳазору 350 афғонӣ [ баробари 950 ҳазору 500 доллар], 15 миллиону 995 ҳазору 377 доллар, 7 450 евро[8 620 доллар], 30 ҳазору 350 рупияи Ҳинд [404 доллар], 300 дирҳами Иморот [81 доллар]”, —  гуфта мешавад дар иттилоия.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button