ВидеоҲодиса

РАМАЗОН ҚОДИРОВ ДУХТАРИ 22-СОЛААШРО ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ЧЕЧЕНИСТОН ТАЪЙИН КАРД

Айшат (Оиша) Қодирова, духтари  22-солаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров вазири фарҳанги ин ҷумҳурии тобеи Русия таъйин шудааст. Духтари Қодиров, ки қаблан Кохи мӯди исломии “Фирдавс”-ро роҳбарӣ мекард, соли 2020 муовини аввали вазири фарҳанги Чеченистон таъйин шуда буд.

Хабари вазири фарҳанг таъйин шудани Айшат Қодироваро раиси парлумони Чеченистон Муҳаммад Довудов дар Инстаграм нашр кард. Довудов Айшатро ҷияни худ ном бурда, навишт: “Ман боварӣ дорам, ки дар мақоми вазири фарҳанги ҷумҳурии Чеченистон Айшат Қодирова дар фаъолияти худ ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар даст ёфта,  вазифаҳои дар пешаш гузошташударо бо муваффақият иҷро хоҳад кард”, – навиштааст раиси парлумони Чеченистон.

Хож-Бауди (Хоҷа Баҳовуддин) Дааев, вазири ҳамакнун собиқи фарҳанги Чеченистон низ дар Инстаграм ба Айшат Қодирова дар мақоми нав орзуи комёбӣ кардааст: “Бо омадани Айшат кори вазорат суръат гирифт. Ӯ дар ҳаёти фарҳангии минтақа саҳми худро гузошт.”

Ҳанӯз маълум нест, ки Дааев ба кадом мақоми нав таъйин шудааст. Ӯ аз нафарони хеле вафодор ба раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба шумор меравад.

Айшат Қодирова соли 1998 дар деҳаи Тсентарой ба дунё омада, соли 2016 ба риштаи иқтисодии Донишгоҳи Грозний дохил шуд ва ҳамон сол ба писари яке аз дӯстони падараш издивоҷ кард. То таъйин шуданаш ба мансаби давлатӣ Кохи мӯди исломии “Фирдавс”ро раҳбарӣ мекард. Ин брендро модари Айшат: Мадина Қодирова соли 2009 таъсис дода, сипас роҳбарии онро ба духтараш супурд. Намоиши либосҳои “Фирдавс” дар Грозний, Дубай, Маскав ва соли гузашта ҳатто дар Порис доир шуда буд.

Айшат нахустин нафар аз фарзандони Рамазон Қодиров аст, ки мансаби давлатӣ гирифт. Роҳбари Чеченистон, ба гуфтаи худаш, 14 фарзандро тарбия мекунад, ки бархеашро ба фарзандӣ гирифтааст.

Дар соли 2020 Амрико ба зидди ҳамсар ва ду духтари Рамазон Қодиров, аз ҷумла ба зидди Айшат таҳримот ҷорӣ карда, аз ҷумла онҳоро аз ҳаққи сафар ба Иёлоти Муттаҳида маҳрум кард. Вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео гуфта буд, ки ин таҳримот ба зидди аъзои хонаводаи роҳбари Чеченистон ба далели даст доштани Рамазон Қодиров дар дағалона поймол кардани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шиканҷа ва қатлҳои худсарона ҷорӣ карда шудааст.

Рамазон Қодиров, ки ҳоло 45 сол дорад, соли 2007, дар синни ҳамагӣ 31 роҳбари Чеченистон таъйин шуд. Ӯро ба он айбдор мекунанд, ки ҳудуди 100 тан аз хешу таборашро ба мансабҳои муҳими давлатӣ таъйин кардааст. Аз ҷумла ҷияни ӯ Хасмуҳаммад Қодиров шаҳрдори Грозний, пойтахти Чеченистон буда, хешовандони наздикаш Адам Делимханов вакили Думаи давлатӣ ва Муҳаммад Довудов раиси парлумони Чеченистон мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button