ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ ПАНОҲҶӮЁНИ ТОҶИКУ АРМАНӢ ДАР МАРЗИ УКРАИНА БО ВЕНГРИЯ

Хадамоти давлатии марзбонии Украина хабар дод, ки марзбонҳои воҳиди “Вилок” соати ҳафти субҳи 9 октябр дар соҳили дарёи Тиса дар марзи вилояти Закарпатйе бо Венгрия (Маҷористон) як шарванди Тоҷиктстонро дастгир кардаанд. Ду нафари дигар, ки дар наздикӣ қарор доштанд, рӯ ба фирор овардаанд. Марзбонҳо ба таъқиби онҳо пардохта, баъди чанд дақиқа як шаҳрванди Арманистонро дастгир кардаанд.

“Ӯ ҳамагӣ чанд метр дуртар рафта, боз ба соҳили дарё фаромада буд, то ки ба он тараф  гузарад. Маълум шуд, ки онҳо чанд рӯз пеш ба Украина омадаанд. Нафари сеюме, марзбонҳо мушоҳида карданд, роҳбалади онҳо будааст. Ӯ “муштариёнашро” партофта, баробари дидани марзбонҳо фирор кардааст “, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Бино ба ин манбаъ, марзбонҳои Украина аз воҳиди “Косино” рӯзи 9 октябр якбора 5 шаҳрванди Покистонро дастгир кардаанд. Марзбонҳо аввал як мошини “Шевроле” таҳти идораи як шаҳрванди Покистонро манъ кардаанд. Дар дохили мошин ду покистонии дигар ҳам будааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯи атроф марзбонҳо боз ду зодаи Покистонро, ки низ қасди убури марз доштанд, боздошт карданд.

Ба зидди дастгиршудаҳо бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи давлатии Украина бар асоси моддаи 204.1 протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд. Вале ба зидди ронандаи “Шевроле”, ки дар Украина ҳаққи иқомат доштааст, бар асоси моддаи 332 Кодекси ҷиноятии Украина бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button