ВарзишВидео

ГЕКСА-ТРИКИ ФУТБОЛИСТИ “ПАХТАКОР”: ДАЛЕР ШАРИПОВ ДАР ЯК БОЗӢ 6 ГОЛ ЗАД

Пойгоҳи варзишии Sports  хабар дод, ки дар даври 21-уми мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон ҳодисаи тақрибан бесобиқа рӯй додааст: Дастаи “Пахтакор” аз шаҳраки Меҳробод (собиқ Пролетар), маркази маъмурии ноҳияи Ҷаббор Расулов бар дастаи “Вахдат” бо ҳисоби рекордии 12:2 ғолиб омад ва ҳамлагари дастаи мизбон Далер Шарипов ба дарвозаи ҳарифон 6 гол зада, гекса-трик кардааст.

Гекса-трик ин вақтест, ки як футболбоз дар як бозӣ 6 гол мезанад. Чунин ҳолат дар футбол ҳатто дар бозиҳои байни дастаҳои ҳаваскор хеле ками дар кам рӯй медиҳад.

Sports хотиррасон кардааст, ки дар футбол, вақте як бозигар дар як бозӣ ду гол мезанад, онро дубол меноманд, 3 голро – хет-трик, 4 голро – покер, 5 голро – пента-трик. Ҳамин тавр 6 голро гекса-трик, 7 голро  септа-трик, 8 голро окта-трик, 9 голро нона-трик ва 10 голро  дека-трик  ном мебурдаанд, ки чунин ҳолатҳо хеле ангуштшуморанд.

Баъди ин пирӯзии бечунучаро «Пахтакор» бо 19 имтиёз дар ҷадвал дар байни 12 даста дар зинаи 8-ум ҷой гирифтааст. «Пахтакор» дар мавсими имсола 40 гол задааст ва ҷои таъкид аст, ки ин даста  12 гол аз ин шумор, ё 30 фоизи ҳамаи голҳои имсолаашро дар бозии охирин ба дарвозаи “Ваҳдат” задааст.

То анҷоми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон ҳамагӣ як даври дигар боқӣ мондааст. Дастаи  «Регар-ТадАЗ» аз Турсунзода бо 55 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дошта, алакай дар даври қаблӣ роҳхатти аввал ба лигаи олии футболи Тоҷикистонро аз они худ кард. Тақдири роҳхати дуюм рӯзи 15 октябр дар набарди мустақими байни дастаҳои “Ҳосилот” аз Фархор ва “Равшан” аз Зафаробод ҳал хоҳад шуд. Ин ду даста бо 49 ва 48 имтиёз дар зинаҳои дуюм ва сеюми ҷадвали лигаи якум қарор доранд. Барои “Ҳосилот”, ки назар ба “Равшан” як имтиёз бештар дорад,  дар ин рақобат натиҷаи мусовӣ низ кофист. Вале “Равшан” барои онки роҳхати дуюмро ба даст биорад, бояд ҳатман “Ҳосилот” –ро шикаст диҳад.

Мусобиқоти лигаи якуми футболи Тоҷикистон. Даври 21-ум

«Ҳулбук» – «Динамо» – 1:0

«Исфара» – «Регар-ТадАЗ» – 2:6

«Моҳир» – «Равшан» – 0:4

«Саройкамар» – «Панҷшер» – 3:0

«Пахтакор» – «Ваҳдат» – 12:2

«Барқчӣ» – «Ҳосилот» – 1:2

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button