ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ТОҶИКИСТОН ДАР МАСЪАЛАИ ИНТИҚОЛИ ПУЛ АЗ РУСИЯ АЗ ӮЗБЕКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ҚАФО МОНДААСТ

Дар нимаи аввали соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик 755 миллион доллар пул фиристода шудааст. Ин назар ба 752 миллион долларе, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон ирсол шуд, ҳамагӣ 3 миллион доллар, ё 0,4% бештар аст. Ин арқом аз омори расмиест, ки Бонки марказии Русия рӯзи 9 октябр нашр кард.

Бар асоси омори расмии Бонки марказии Русия, Тоҷикистон аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар байни кишварҳои СНГ дар мақоми сеюм қарор дорад.  Аз ҳама бештар имсол аз Русия ба Ӯзбекистон (2 миллиарду 270 миллион доллар) пул фиристодаанд. Дар ҷои дуюм боз як кишвари дигари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ  –  Қирғизистон истодааст, ки имсол аз Русия ва низ асосан бо шарофати муҳоҷиронаш 9517 миллион доллар пул дарёфт кардааст.

Ҷолиб ин аст, ки ба фарқ аз Тоҷикистон, имсол ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Барои муқоиса ҳаҷми интиқоли пул ба Ӯзбекистон қариб ним миллиард доллар (2,27 миллиард ба ҷои 1 миллиарду 772 миллиони  нимаи аввали соли 2020 ё 28,1 фоиз (!) ва ба Қирғизистон 236 миллион доллар (951 миллион ба ҷои 716 миллиони як сол пеш) ё 33% (!!!) афзудааст.

Ду кишвари муҳоҷирфиристи Қафқози ҷанубӣ: Озарбойҷон ва Арманистон бо 432 ва 372 миллион доллар пули аз Русия барояшон ирсолшуда дар ин “чемпионат” баъди се кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ қарор гирифта, Украина ва Қазоқистон дар нимаи авввали соли ҷорӣ аз Русия беш аз 200миллионӣ ва Молдова қариб 140 миллион доллар пул гирифтаанд.

Вале маълум мешавад, интиқоли пул ба кишварҳои СНГ, манобеи асосии таъмини бозори Русия бо нерӯи корӣ, дар ҳаҷми умумии интиқоли пул аз ин кишвар нақши ночизе доштааст. Дар умум дар нимаи аввали сол аз Русия ба хориҷ 20,3 миллиард доллар фиристодаанд, ки аз он танҳо  наздики 5 миллиардаш ба кишварҳои СНГ ва 15 миллиарди боқимондааш ба кишварҳои хориҷаи дур ва асосан ба Ғарб рафтааст. Барои муқоиса, ҳаҷми интиқоли пул ба ҳамаи кишварҳои СНГ хеле  камтар аз пулест, ки  дар ки моҳҳои январ-июни соли 2021 аз Русия танҳо ба 3 кишвари Ғарб – Швейтсария (4 миллиард доллар) ва Амрикову Бритониё (ҳарду қариб якуниммиллиардӣ) рафтааст. Вале агар ба кишварҳои СНГ маоши бо заҳмат бадастовардаи муҳоҷиронашон фиристода шавад, миллиардҳое, ки ба Ғарб мераванд, сармояҳоест, ки аз Русия “мегурезонанд.”

Дар умум соли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон 1,7 миллиард доллар пул ирсол шуда буд, ки ин назар ба соли 2019, охирин соли то пандемия, 800 миллион доллар, ё 32%камтар буд. Соли гузашта аз Русия ба Ӯзбекистон 4,4 миллиард ва ба Қирғизистон, қариб баробари Тоҷикистон, 1,7 миллиард доллар пул интиқол дода буданд.

Барои ин 3 кишвари Осиёи Марказӣ пулҳое, ки муҳоҷиронашон аз Русия мефиристанд, як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари оилаҳо ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button