АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ҲАЛОКАТИ ДАҲҲО НАФАР БАР АСАРИ ТАРКИШ ДАР НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР МАСҶИДИ ШИЪАҲО ДАР КУНДУЗ (ВИДЕО)

Матуллоҳ Рӯҳонӣ, намояндаи Толибон дар Кундуз хабар дод, ки рӯзи ҷумъа, 8 октябр бар асари ҳамлаи маргталабона дар масҷиди шиъаҳо дар ин вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарз дастикам 46 нафар кушта ва беш аз 140 тани дигар захмӣ шудаанд. Террорист худро вақте тарконд, ки издиҳоми бузурге барои адои намози ҷумъа дар масҷид ҷамъ шуда буд. Сайид Аҳмадшоҳ Ҳошимӣ, яке аз роҳбарони ҳазораҳои Кундуз гуфт, ин ҳамла беш аз 70 кушта ба ҷо гузошт.

Масъулияти ҳамлаи маргталабона ба масҷиди Кундузро гуруҳи ифротии “Давлати исломӣ – Хуросон” ба уҳда гирифт.  Ин дуюмин ҳамлаи ДОИШ ба масҷидҳо дар ҳафтаи ҷорист. Чанд рӯз пеш дар ҳамла ба масҷиди Идгоҳ дар Кобул 5 нафар кушта шуданд. Ҳамла вақте сурат гирифт, ки намози ҷанозаи модари Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибонро мехонданд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ҳамлаи Кундузро маҳкум кард ва гуфт, он бепосух нахоҳад монд.

Ҳамлаи Кундуз хунинтарин ҳамлаи ДОИШ аз замони ҳамлаи рӯзи 26 августи ҷангҷӯёни он дар фурудгоҳи Кобул аст, ки 170 тан аз мардуми мулкӣ ва 13 низомии Амрикоро кушта ба ҷо гузошт.

ДОИШ иддао кардааст, ки маргталабе, ки масҷиди шиъаҳоро дар Кундуз тарконд, уйғур буд. Хитой хеле боз дар ташвиш аст, ки Афғонистон метавонад ба паноҳгоҳ ва пойгоҳи ҷангҷӯёни уйғур табдил биёбад ва онҳо ба нишони интиқом ба таъқиби аҳолии мусалмони вилояти Шинҷон дар ғарби Хитой метавонанд ба аҳдофи Пекин дар Афғонистон ҳамла кунанд.

Созмони Милал моҳи июн дар гузоришаш гуфта буд, бо шунидани хабари хуруҷи нирӯҳои Амрико ва муттаҳидинаш аз Афғонстон аз 8 то 10 ҳазор ҷангҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози шимолии Русия, Покистон ва Шинҷони Хитой ба Афғонистон рехтанд. Бино ба гузориши Созмони Милал, аксари ин ҷангҷӯён дар канори Толибон ва Ал – Қоида, ки иттифоқчианд, меҷанганд, вале онҳое ҳам кам нестанд, ки ба саффи “ДОИШ – Хуросон” пайвастаанд.

Толибон, ки моҳи август ҳукумати таҳти ҳимояти Ғарбро сарнагун карда, Афғонистонро ғасб карданд, талош доранд, то пеши роҳи густариши фаъолиятҳои ДОИШро бигиранд. Ин гуруҳ вақтҳои охир бо ташкили ҳамлаҳои чирикӣ, ки бар асари онҳо ҷангҷӯёни Толибон ҳам кушта шуданд, нисбат ба ҳокимони нави Афғонистон хусумат нишон дода, бо ҳамлаҳои худ муҳимтарин ваъдаи Толибон: таъмини амният ва оромиро ба чолиш кашонда истодаанд.

Ҳазораҳо, ақалияти шиъамазҳаби Афғонистон бозгашти дигарбораи Толибонро ба қудрат дар ин кишвар бо тарс қабул кард, чунки дар солҳои 90, дар даврони ҳукумати якуми Толибон ҳазораҳо ба далели пайравиашон ба мазҳаби шиъа таҳти таъқибу табъизи доим қарор доштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button