ВидеоНуқтаи назарФарҳанг

ҲАБСИ СЕ РЭПСАРОИ ТОҶИК БАРОИ ИСТИФОДАИ ДАШНОМҲОИ ФАҲШ

Се рэпсарои тоҷикро дар пайи як “батл” (“набард”) бо иттиҳоми истифода аз дашномҳои фаҳш дастгир ва ҳар кадомро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд.

Дар ин бора бо нашри акси рэпсароёни ҳабсшуда дар гуруҳи “Андеша” дар Фейсбук хабар доданд. Бино  ба навиштаи муаллиф, репсароҳо: Чориев Ҳусейн Неъматуллоевич, соли таваллудаш 27.08.1992, Толибов Қурбоналӣ Мирзоалиевич, соли таваллудаш 01.04.1998 ва Сафаров Фаридун Абдуқодирович, соли таваллудаш 09.11.1999 зимни баргузории “батл” ба якдигар суханҳо ва дашномҳои фаҳш гуфтанд, ки ба шаъну шараф ва эътибори фарзанди тоҷик рост намеояд ва сипас навори тахкиромез ва фаҳши худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд. Хушбахтона, аз ҷониби макомоти корхои дохилӣ барои ин кирдори ғайриахлоқиашон дастгир гардида, муҳлати 5 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

Тафсилоти дигар дар бораи ин қазия дода нашудааст. Иттилои расмие низ дар бораи ҳукми ин се рэпсаро нашр нашудааст.

Худи ин ҳунармандон низ ҳанӯз чандон шинохташуда нестанд. Аз акси нашршуда бармеояд, ки ду нафари онҳо бо тахаллусҳои Sadam ва M.Favik ҳунарнамоӣ мекардаанд.

“Батл”, ки байни рэпсароёни тоҷик ҳам муд шудааст, як навъи рэп дар шакли истифодаи озоди калимаҳост, ки мисли шеъри сафед вазну қофияи муайян надорад. Дар вақти “батл” овозхонҳои рақиб бояд ҳозирҷавобӣ карда, рақиби худро дар ҷояш бо суханони нишонрас мот кунанд.

Вале ҷои таассуф он аст, ки баъзеи батлсароҳо тамоман меъёрҳои адабию ахлоқӣ ва фарҳанги гуфтори тоҷикиро ҳангоми “батл” риоя намекунанд. Суханҳои қабеҳу дашномҳои бемавридро ба забон меоранд, ки хеле таассуфовар аст”, – навиштааст Andesha Andesha, муаллифи хабари ҳабси се рэпсаро дар гуруҳи “Андеша”.

https://www.facebook.com/groups/2862030517142332/posts/5059981014013927/

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button