ВидеоХабарҳои кӯтоҳ
БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ҒОРАТГАРӢ ДАР ПОЙТАХТ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 31-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 7 ба 8-уми октябри соли 2021, тахминан соати 01:00, дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-5”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Файзобод бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.