ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТО ҲОЛ ГУРЕХТА ГАШТААСТ: ҚАЛЛОБИИ ЯК ЗАН АЗ ДУШАНБЕ БА МАБЛАҒИ 2 МИЛЛИОН $ (!!!)

Як зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ба қаллобӣ ба маблағи беш аз 2,1 миллион доллар айбдор мешавад. Бино ба фарзияи ВКД, ин зан рӯзи 15 майи соли 2020 аз падару писар, ҳарду сокинони ноҳияи Ашт бо ваъдаи аз Хитой овардани меваи хушк 640 ҳазору 773 доллар, аз як сокини Душанбе 100 ҳазор доллар ва аз як сокини дигари пойтахт 1 миллиону 362 ҳазору 500 доллар гирифта, аммо то ҳол онҳоро фиреб дода, гурехта гаштааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 8 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 15-уми майи соли 2020, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26 ва падараш, марди 50-солаи сокинони ноҳияи Ашт даромада, аз онҳо 640 ҳазору 773-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Халкии Хитой маҳсулоти меваи хушк оварда медиҳад. Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ аз марди 36-сола 100 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз марди 38-солаи сокинони пойтахт 1 миллиону 362 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, ба онҳо ваъда додааст, ки аз Ҷумҳурии Халкии Хитой маҳсулоти меваи хушк оварда медиҳад, аммо то ҳол онҳоро фиреб дода, гурехта гаштааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи январи соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Фолксваген-Пассат”-ро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рўи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани пиёдагард дар ноҳияи Шаҳристон

7-уми октябри соли 2021, тахминан соати 01:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-Атеко», Камолов Муслиҳиддин Миркомилович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаннок», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Маҳмудов Шуҳрат Шавкатович, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Шаҳристонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Маҳмудов Ш.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button