ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ ҚАНДУ ЛИМӮ ВА ҶУВОРӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН

Маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз ҷилавгирӣ шудани мавридҳои нави қочоқи маҳсулот дар марзи Тоҷикистон бо ноҳияи Лайлак хабар дод.
Аз ҷумла марзбонҳои қирғиз дар мавзеи Сойи ноҳияи Лайлак як мошини Mercedes-Benz таҳти идораи М.А., соли таваллудаш 1985ро боздошт кардаанд. Ронандаи ин мошин аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба таври қочоқӣ 400 кило ҷуворимакка мебурд.
Худи ҳамон рӯз дар мавзеи Арқа ду мошини боркаш таҳти идораи шаҳрвандони Қирғизистон
С.С. и Р.Т. дастгир карда шуданд. Онҳо бо роҳҳои қочоқӣ ва бидуни ҳуҷҷат аз Тоҷикистон 3,5 тонна лимӯ ва 3 тонна қанду қандалот меоварданд. Арзиши маҳсулоти мусодирашуда беш аз 840 ҳазор сом (беш аз 10 ҳазор доллар) бароварда шудааст.
Қирғизистон аз 22 май, дар пайи муноқишаи хунини охири моҳи апрел марзҳояшро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандон ва интиқоли маҳсулотро иҷозат намедиҳад.
Дар муноқишаи охири моҳи апрел дар марзи ин ду кишвар аз ду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

