ВидеоНомаҳо ба президент

ГИРЯИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ҲАНГОМИ ЗИЁРАТИ МУҶАССАМАИ “ДУОИ МОДАР” (ВИДЕО)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 октябр дар маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи бузург ба риққат омада, гиря кард. Дар видеое, ки хадамоти матбуоти президент нашр кард, дида мешавад, ки президент баъди пардабардорӣ аз муҷассама ва бори аввал дидани , вақте аз зинаҳои пояи он поён мешуд, бо дастрӯймол ашки чашмонашро пок мекунад.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шахсони ватандӯст баҳри ободии як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, ин амали созандаи шоистаи таҳсин номид.”

Бино ба ин манбаъ, “муҷассамаи “Дуои модар” бо иқдоми роҳбарияти фурудгоҳи Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан-модар ва қадршиносии модари тоҷик бунёд карда шуда, дар кишвар аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи модар мебошад.”

Муҷассамаи “Дуои модар” бо пояаш 13 метрро ташкил дода, баландии худи муҷассама 6,7 ва пояи он 5,5 метрро ташкил медиҳад. Саҳни муҷассамаи “Дуои модар” бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шуда, бино ба навиштаи хадамоти матбуоти президент, “ин мавзеи ҷолиб барои тамошои меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ маҳсуб меёбад ва дуои модар фатҳу кушоиш барои ҳар фард дар зиндагӣ ва кору рӯзгор аст.”

Ифтитоҳи маҷмааи “Дуои модар” дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  07.10.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button