ВидеоСиёсатҲуқуқи инсон

ГИРДИҲАМОИИ АЪЗОИ “ГУРУҲИ 24” ДАР ОЛМОН (3 АКС)

Рӯзи 7 октябр дар шаҳри Кёлни Олмон, дар рӯ ба рӯи Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати корҳои дохилии ин кишвари аврупоӣ гирдиҳамоии як гуруҳи тарафдорони ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон феълан мамнӯи “Гуруҳи 24” доир шуд. Ба гуфтаи масъулони “Гуруҳи 24”, дар ин ҳамоиш барои пуштибонӣ аз ҳалли одилонаи қазияҳои паноҳҷӯёни сиёсӣ ҳудуди 30 нафар иштирок кардаанд.

“Гуруҳи 24” мегӯяд, дар ҳоли ҳозир шуморе аз паноҳҷӯёни тоҷик дар кишварҳои Аврупо дучори мушкили ҳуқуқӣ шудаанд, чунки мақомоти ин кишварҳо, аз ҷумла Олмон ба дархости ин паноҳҷӯёни тоҷик барои дарёфти паноҳандагӣ ҷавоби рад додаанд.  Ҷавоби радди мақомоти кишварҳои аврупоӣ, ба бовари масъулони “Гуруҳи 24”,  дар чандин маврид ғайриодилона буда, метавонад роҳро барои ихроҷ ва ҳатто истирдоди ин паноҳҷӯён ба Тоҷикистон ҳамвор кунад. Дар Тоҷикистон, мегӯянд тарафдорони ин гуруҳи оппозитсионӣ, ин паноҳҷӯён метавонанд ба хатари шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон дучор шаванд.

Дар гирдиҳамоии Кёлн тарафдорони “Гуруҳи 24” аз мақомоти Олмон хостанд, ки қазияҳои паноҳҷӯёни тарафдорони мухолифини тоҷикро аз нав ва одилона баррасӣ кунанд.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов таъсис ёфта, соли 2014 дар пайи баргузории як силсила эътирозҳо ба зидди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Русия  ва даъвати мардум ба чунин як эътироз дар маркази Душанбе фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шуд. Баъди манъи фаъолияти “Гуруҳи 24” ва қатли асосгузораш Умаралӣ Қувватов дар натиҷаи як сӯиқасд дар соли 2015 дар Истамбули Туркия, бисёре аз аъзои ин созмон дастгиру зиндонӣ гардида, даҳҳо нафари дигар аз аъзои “Гуруҳи 24” ба Аврупо паноҳ оварданд.

Дар умум дар солҳои охир ҳудуди 10 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо паноҳҷӯ шудаанд. Бахши аъзами онҳоро тарафдорони созмонҳои оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ташкил медиҳанд. Ин ду созмон ҳоло  бо теъдоди маҳдуди аъзо ва тарафдоронашон асосан дар Аврупо фаъолият доранд. Аммо аксари паноҳҷӯёни тоҷик дар Аврупо, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд,  аз фаъолиятҳои сиёсӣ канор рафта, дар инҷо машғули сохтани зиндагии нав барои худу хонаводаҳои худ шудаанд.

Дархости паноҳандагии паноҳҷӯёни тоҷик дар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла дар Олмон иттифоқан дар пайи сафари додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба Олмону Лаҳистон ва Австрия дар поёни моҳи июл ва аввали моҳи августи соли ҷорӣ рад шудааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки Юсуф Раҳмон аз ҷумла дар мулоқот бо додситони кулли Дюсселдорф ва дигар мақомоти расмии вилояти Рейни Шимолӣ- Вестфалия аз ҷумла парвандаҳои ҷиноятии мушаххас, истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта, расонидани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқиро баррасӣ кардааст. Юсуф Раҳмон ҳамин тавр, дар Вена аз масъулони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хост, то дар оянда ба нишастҳои ин созмон “шахсони ҷиноятпеша” роҳ дода нашаванд. Манзури Юсуф Раҳмон яқинан роҳбарон ва тарафдорони оппозитсияи тоҷик дар Аврупо буд, ки ба зидди аксараш дар Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шуда, бархеаш алакай ғоибона маҳкум ҳам шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button