АфғонистонВидеоТоҷикистон

ПОСУХ БА ТАҲДИДИ ҲАМЛАИ ТОЛИБОНИ ТОҶИК: МО ТАЙЁРЕМ! БИОЯНД, “ПЕШВОЗ” МЕГИРЕМ! (ВИДЕО)

Ҷангҷӯёни тоҷикистоние, ки дар Афғонистон аз тарафи ҳаракати тундрави Толибон меҷанганд, гуфтаанд, ки барои ҳамла ба Тоҷикистон омодаанд. Дар  ин бора рӯзи 6 октябр бо такя ба манобеи ҷангҷӯён Telegram-канали REVERSE SIDE OF THE MEDAL («Рӯи дигари медал») хабар дод.

 «Раҳбари толибони тоҷик аз гуруҳи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” Маҳдӣ Арсалон изҳор дошт, ки барои ҳамла ба Тоҷикистон омода ҳаст. Худи Маҳдӣ раҳбари чанд минтақаи Афғонистон дар марз бо ноҳияҳои Дарвоз ва Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон аст”, — гуфта мешавад дар хабар.

Як афсари баландпояи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 7 октябр дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” изҳороти Арсалон дар мавриди омода буданаш ба ҳамларо “боз як зуҳуроти ҷанги пропагандистӣ”-е номид, ки, ба гуфтаи вай, Толибон аз замони ғасби Афғонистон ба зидди Тоҷикистон пеш мебаранд.

 “Мо ба чунин таҳдидҳо одат кардем. Вале ҳушёриро ҳам аз даст намедиҳем. Агар аз ҷонашон сер шуда бошанд, марҳамат, биоянд! Ба таври лозим “пешвоз” мегирем! Бидонанд, ки ақиб дигар бар нахоҳанд гашт. Охирати худро дар Ватанашон хоҳанд ёфт. Ҳамааш!” – изҳор дошт афсари тоҷик.

Арсалон

Маҳдӣ Арсалон лақаби Муҳаммад Шарипов ном зодаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод ва фарзанди як ҷангҷӯи гуруҳи дар Тоҷикистон мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” аст, ки ҳамроҳи як фарзанди дигараш дар ошӯби соли 2011 дар водии Рашт кушта шуд. Маҳдӣ Арсалон намояндаи насли нави “Ансоруллоҳ” аст, ки баъди кушта шудани асосгузори он Амриддин Табаров роҳбариашро ба даст гирифтааст.

Амриддин Табаров дар поёни солҳои 90 шароити сулҳи байни оппозитсия ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро напазируфта, ба Афғонистон рафт ва ин гуруҳи тундравро ташкил дод. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфтанд, ки Табаров соли 2015 дар ҷангҳо дар шимоли Афғонистон кушта шуд.

Арсалон аввал бо нашри видеоҳо дар бораи иштироки ҷангҷӯёни тоҷикистонӣ дар ҷангҳо дар Афғонистон ном баровард. Ӯ ҳамчунин нафаре буд, ки тобистони соли ҷорӣ, баъди ба дасти Толибон афтодани марзҳои Афғонистон “амир”-и чанд вулусволии вилояти Бадахшон таъин шуд ва парчами Толибонро дар марз бо Тоҷикистон барафрохт.

Таҳдиди ҳамла ба Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари “Ансоруллоҳ” дар пасманзари ихтилофи ҷиддӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони Толибон садо дод.

Душанбе Толибонро ба табдили дубораи Афғонистон ба “лонаи терроризми байналмилалӣ” айбдор карда, ба таври ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, ҳимоят мекунад ва барои тоҷикон ва дигар ақалиятҳои қавмии Афғонистон дар ҳукумати нави он кишвар “ҷойгоҳи шоиста” талаб дорад.

Роҳбарони Толибон ба навбати худ Тоҷикистонро ба дахолат дар умури худ айбдор ва таҳдид кардаанд, ки “ҳар амал аксуламале дорад.”

Аз ҷумла Толибон ахиран аз фиристодани дастаҳои ҷангҷӯёни маргталаб аз “лашкари Мансурӣ” ба се вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундуз, Тахор ва Бадахшон хабар дод ва муовини волии Бадахшон гуфт, Толибон маргталабонро дар марзҳои Афғонистон, аз ҷумла дар марзҳои Бадахшон ҷобаҷо мекунанд. Ин вилоят бо Чин ва Тоҷикистон ҳаммарз аст. Вале гумон аст, ки Толибон ба истиқрори маргталабонаш дар марз бо Чин ҷобаҷо карда, хашми Пекинро, ки ба кумакҳояш сахт умед бастааст, барангезад.

Сокинони Тоҷикистон чанд рӯз пеш дар он сӯи дарёи Панҷ ҳаракати ҷангҷӯёни мусаллаҳро мушоҳида ва бо телефонҳои худ сабт карданд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин силоҳбадастон ба ном “маргталабон” аз “лашкари Мансурӣ” буданд ё ҷангҷӯёни таҳти фармони Маҳдӣ Арсалон, ки омодагиаш барои ҳамла ба Тоҷикистонро эълон кардааст?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button