ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ПАХТА НАКОРИДӢ? 200 СОМОНӢ ДЕҲУ ҲУҶҶАТ ГИР, КИ ГӮЁ КОРИДИЮ СУПОРИДӢ

Сокинони ноҳияи Вахш мегӯянд, раисони ҷамоатҳо хоҷагиҳои хурди деҳқониеро, ки дар заминҳояшон имсол пахта накоридаанд, маҷбур доранд, ки барои ҳар тонна пахта 200 сомонӣ бисупоранд.

Як сокини ҷамоати Ваҳдат ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, “раиси ин ҷамоат бо номи Музаффар ва муовинаш Абдушукуров Абдусаттор хона ба хона гашта, аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 200 сомонӣ талаб доранд. Онҳо гуфтанд, ки ба ин 200 сомонӣ онҳо аз ягон корхонаи пахта ПК (ҳуҷҷати қабули ҳосили пахта) мехаранд ва ба давлат пешниҳод мекунанд, ки гӯё ин хоҷагии деҳқонӣ пахта корида, ба давлат як тонна пахта супоридааст. Вале вақте ки мо пахта накорида бошем, чӣ даркор ин хокпошӣ ба чашми давлат?”

Як манбаи огоҳ дар мақомоти ноҳияи Вахш ба “Бомдод” гуфт, зоҳиран раисони ҷамоатҳоро як сабқати аз ҷониби раиси ин ноҳия эълоншуда барои боло нишон додани ҳосили пахтаи хоҷагиҳояшон чунин фаъол кардааст.

Дар ноҳияи Вахш раиси ҷамоате, ки хоҷагиҳои деҳқониаш аввалин шуда нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро мекунанд, сазовори ҷоиза: мошини “Тойота Кемри” мешавад. Соли гузашта и ин ҷоизаро як зан: раиси ҷамоати ба номи Рӯдакӣ ба даст овард.

Раиси  онвақтаи ҷамоати Ваҳдат Давлатов Қосимов соли гузашта барои ҷои сеюм соҳиби мошини “Опел Астра Ҷӣ” шуда буд, ки онро 50 ҳазор сомонӣ фурӯхт. Музаффар ба ҷои Давлатов, ки ҳоло бо ҷурми заминфурӯшӣ ҳабс шудааст, раиси ҷамоати Ваҳдат таъйин шуд.

Сокинон мегӯянд, андози хоҷагиҳои деҳқонии худро сари вақт месупоранд ва тибқи қонун, ягон мақомот ҳақ надорад, ки онҳоро ба киштани ин ё он навъи зироат маҷбур кунад.

“Мо зидди коридани пахта ҳам нестем, вале дар воқеъ шароиташро надорем. Мардум дар заминҳои худ асосан гандум ва дар ҳосили дуюм ҷуворимакка мекоранд, чунки хароҷоташ камтар аст. Шудгор мекунӣ, мекорӣ, чанд бор обу чанд бор дору медиҳӣ, тамом. Ҳосил, ки расид, медаравӣ. Андозаш ҳам камтар аст. Андози замини пахта зиёд аст ва дар умум пахтакорӣ харҷи зиёд дорад, ки зӯри мо намерасад. Як халта дору 280 сомонӣ шудааст! Чандин бор бояд трактор даъват кунӣ барои коркардаи замини пахта. Ҳаққи хидмати тракторчиҳо ҳам арзон нест.  Аммо мо худамон бехабар, ҳамаи заминҳои моро дар қоғаз замини пахта гузарондаанд ва ҳоло талаб доранд, ки пулашро диҳед,  мо бароятон ҳуҷҷат карда медиҳем, ки гӯё шумо пахта коридеду ба давлат супоридед…”, – гуфт роҳбари яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ.

Дар даврони Шӯравӣ пахта маҳсулоти асосии Тоҷикистон ба шумор мерафт ва онро “тиллои сафед” ҳам меномиданд. Дар он даврон Тоҷикистон ҳар сол то 1 миллион тонна пахта ҷамъ меовард. Ҳоло  дар Тоҷикистон солона то 300 ҳазор тонна пахта ҷамъ меоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button