ҒОРАТГАРИИ НОБОЛИҒ ДАР КӮЧАИ ФИРДАВСӢ ВА ДУЗДИИ ТЕЛЕВИЗОР ДАР ТУРСУНЗОДА

Ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки 7 сентябр, соати 17:30, дар кӯчаи Фирдавсӣ бо зӯрӣ аз дасти як духтари 16-сола телефонашро кашида гирифтааст.
хххххххх
Сокини 38-солаи ҷамоати Қаратоғ ба он гумонбар мешавад, ки субҳи 26 сентябр, соати 06:50 пинҳонӣ ба хонаи як сокини 40-солаи шаҳри Турсунзода даромада, телевизионашро дуздидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 7 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Тасарруфи телефони мобилӣ аз дасти ноболиғ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 46-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасти духтари ноболиғи 16-солааш, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-12”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 650-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дастгир гардидани марди 38-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 40-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки 26-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 06:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи “ЛҶ”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7-ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.