ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ТО СЕ СОЛИ ЗИНДОН: ҶАЗО БАРОИ ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН САНГИНТАР ШУД

Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 6 октябр бо пешниҳоди ҳукумат ба Кодекси ҷиноятии кишвар моддаи нави 334.1-ро илова кард, ки он барои таълими динии ғайриқонунӣ, аз ҷумла аз тариқи Интернет, ҷавобгарии ҷиноятиро ҷорӣ кард. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои ташкили таҳсили улуми динӣ аввал ҷарима ва дар сурати боз ҳам такрор кардани айни амал то 3 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

То кунун барои ташкили мадрасаҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон танҳо ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли  ҷарима пешбинӣ шуда буд.

Нусратулло Мирзоев ҳангоми гирифтани унвони генералӣ. Соли 2017

 Бино ба иттилои хабарнигори парлумонии радиои Озодӣ, Нусратулло Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амниятии миллӣ, ки тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноятиро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ мекард, гуфтааст, бар асоси таҳлилҳои мақомот, 95 дарсади афроде, ки ба гурӯҳу созмонҳои тундгаро гароидаанд, таълимоти ғайриқонунии динӣ гирифтаанд.  Мирзоев афзуд, давоми солҳои 2019-2020 ва 9 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 1833 ҳолати  таълимоти “ғайриқонунии динӣ” ошкор шуда, дар байни онҳое, ки ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул буданд, 43 имомхатиб, 983 руҳонии ғайрирасмӣ, 32 омӯзгор ва 17 донишҷӯ ошкор карда шудаанд.

Муовини раиси КДАМ гуфт, тибқи таҳлилҳои онҳо, таълимгирандагони  ҳалқаҳои дарсии ғайриқонунии динӣ ба таълимдиҳандагон аз 200 то 5000 сомонӣ ҳаққи хизмат пешниҳод мекардаанд. Ба гуфтаи ӯ, 33 нафар падару модароне, ки фарзандони худро ба чунин ҳалқаҳои дарсии ғайриқонунӣ фиристода, монеи рафтани онҳо ба мактаб шуданд, ҷазо гирифтанд. Мирзоев афзуд, “вазъи таълими динӣ нигаронкунанда буда, тамоюли болоравӣ дорад”.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ташкили мадрасаҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле ҷорӣ карда мешаванд, ки мақомот дар солҳои охир дар роҳи таълимоти динӣ мониаҳои зиёд эҷод кардаанд. Аз ҷумла ҳамаи донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар хориҷ аз кишвар машғули омӯхтани улуми динӣ буданд, маҷбуран ба Ватан баргардонданд. Дар худи Тоҷикистон тамоми мадрасаҳо ва мактабҳои миёнаи мазҳабӣ баста шуда, ягона муассисаи таълимии динӣ Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар Душанбе боқӣ мондааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ин маҳдудиятҳоро нақзи озодиҳои динии мардум меноманд, вале мақомот онро ба мубориза бо ифротишавии аҳолӣ ва пешгирӣ аз гароиши сокинон, бахусус насли ҷавон ба гуруҳу равияҳои тундгаро рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button