ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

МӮСАФЕДИ 74-СОЛА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ ЗАНИ ҶАВОНАШРО ЛАТУКӮБ КАРДААСТ

Сокини 74-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 8 сентябр, соати 12, дар хонааш ҳамсари ҷавони 37-солаашро латукӯб карда, ба саломатии ӯ зарари вазнин расондааст. Сабаби занозанӣ гуфта нашудааст. Вале ба мӯсафед бар асоси моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Солҳои охир дар Тоҷикистон зани ҷавон гирифтани мардони солхӯрда ба қавле “мӯд” шудааст.

хххххххххх

Як зани 50-солаи соҳибкори бозори “Корвон” ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ шикоят кардааст, ки к зани 36-солаи сокини пойтахт моҳи март бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 186 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 6 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Дастгир гардидани мӯсафеди 74-сола бо ҷурми қасдан расонидани зарар ба саломатӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 74-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 8-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 12:00, дар хонаи истиқоматиаш, ҳамсараш зани 37-соларо лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҳамсараш мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба ҷавоҳирот

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе, соҳибкори ҶДММ бозори «Корвон» муроҷиат намудааст, ки рӯзи 3-юми марти соли 2021, зани 36-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 186 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button