ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ИМСОЛ БАР АСАРИ ҲОДИСАҲОИ НОХУШ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД 124 НАФАР ҶОН БОХТААНД

Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд дар як ҷаласа аз 9 моҳи фаъолияти худ натиҷагирӣ кард. Анварҷон Қосимов, муовини сардори ин ниҳод дар ҳисоботаш гуфт, дар 9 моҳи аввали соли 2021 дар ҳудуди вилоят 516 ҳодисаҳои фавқулоддаи гуногун сабт шудаанд, ки бар асари онҳо 124 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, ба иқтисоди минтақа бар асари ин ҳаводиса ба маблағи 29 миллиону 499 ҳазору 144 сомонӣ зарар расидааст.

Анварҷон Қосимов афзуд, барои муқоиса дар ҳамин давраи соли 2020  дар қаламрави вилояти Суғд 481 ҳодисаҳои фавқулоддаи мухталиф ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 104 нафар ҷони худро аз даст дод ва ба иқтисоди вилоят 46 миллиону 30 ҳазору 689 сомонӣ  зарар оварда буд.

Дар давраи нӯҳ моҳи соли 2021 дар ҳудуди вилоят 10 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 22 нафар ба ҳалокат расидаанд, дар ҳамин давраи соли 2020 дар ҳудуди вилоят 7 ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ сабт шуда, маблағи зарар 42 миллиону 766 ҳазору 607 сомониро ташкил дод. Дар ин ҳодисаҳо 3 нафар қурбон шуда буд.

Бино ба иттилои сухангӯи раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд Шаҳзода Бутаева, сардори раёсат полковник Баҳром Додиён дар ҷаласа вазифаҳои семоҳаи ояндаро муайян кард ва аз ҷумла гуфт, тирамоҳ ҳам меравад ва зимистон, фасли сармову яхбандиҳо фаро мерасад ва наҷотбахшон бояд беш аз ҳар вақти дигар барои бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ омодагиҳои ҷиддӣ дошта бошанд. 

Акс аз сомонаи КҲФ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button