ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ КҲФ: АЗ 8 ОКТЯБР ҲАВОИ БАДЕ БО ШАМОЛУ БОРОНУ БАРФИ ТАР ДАР РОҲ АСТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба пешбинии ҳавошиносон ба сокинон хабар дод, ки аз 8 то 11 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳаво бад мешавад. Дар бархе ноҳияҳо суръати шамол то 7-12 метр дар як сокини расида, дар водиҳо рехтани борон ва дар кӯҳистони баландиаш беш аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр рехтани боронҳое, ки ба барфи тар мубаддал хоҳанд шуд, пешбинӣ карда мешавад. Ҳамчунин дар ноҳияҳои кӯҳистон ҳаворо пӯшондани туман ҳам пешбинӣ шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин робита ба самъи сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳҳо мерасонад, ки сардиҳои аввал барои ҳосили зироати онҳо метавонад хатар дошта бошад ва аз ин рӯ сокинон бояд ҳосили пухтаю расидаро сари вақт ҷамъ оварда, ҳосили норасидаро бо плёнка, алаф ё ягон чизи дигар бипӯшонанд.

КҲФ аз аҳолӣ ҳамчунин хостааст ки ба соҳаи чорводорӣ аҳамияти вида дода, ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои бахусус кӯҳӣ бодиққат бошанд.

Дар сурати шиддат гирифтани шамол аз аҳолӣ хоста шудааст, ки баромадан ба берунро аз дохили биноҳо маҳдуд кунанд, кӯдаконро таҳти назорат бигиранд ва беназорат нагузоранд.

Аз ронандагон хоста шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон суръат ва фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд, чунки эҳтимоли сангрез низ дар ин рӯзҳо зиёд аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button