ВидеоМуҳоҷирон

ДУ ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА РАБУДАНИ ЯК ЗАН ДАР ПЕТЕРБУРГРО ДУ МОҲ БА ҲАБС ГИРИФТАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Красногвардейскийи шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаҳрвандони Тоҷикистон Дилшод Ғоибова ва Бобур Бобоҷоновро, ки бар асоси қисми дуюми моддаи 126 Кодекси ҷиноятии Русия ба одамрабоӣ айбдор мешаванд, барои ду моҳ: то 3 декабр ба ҳабс гирифт. Дар ин бора хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои Санкт-Петербург  дар Телеграм хабар дод. Ба Ғоибов ва Бобоҷонов барои одамрабоӣ аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар иттилоияи додгоҳ гуфта мешавад, ки бино ба фарзияи тафтишот, “субҳи 4 октябр, соати 07:27 Ғоибов ва Бобоҷонов дар назди бинои №6 дар кӯчаи Пейзажная дар асоси маслиҳати пешакӣ дидаю дониста шаҳрванд К.-ро ба мошини «Hyundai Solaris» бор карда, ӯро бар хилофи ҳоҳишу иродааш рабуда, ба самти номаълум бурдаанд. Амалҳои ҷиноятии Ғоибов ва Бобоҷонов соати 10:22 ба сабабҳое, ки ба онҳо вобаста набуд, пешгирӣ карда шуд, чунки К. дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар кӯчаи Приморское, 144 тавонист аз мошин гурехта, барои ёрӣ ба шаҳрвандони дигар ва кормандони пулис муроҷиат кунад.” Бобоҷонов ва Ғоибов ҳамон рӯзи 4 октябр боздошт шуда, рӯзи 5 октябр нисбат ба онҳо айбнома эълон шуд.

Тавре қаблан хабар дода будем, ду марди зодаи Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1981 и 1991, дар Петербург бо иттиҳоми латтукӯб ва рабудани як зани миёнсол дастгир шуданд. Пулиси Петербург видеои лаҳзаи латтукӯб ва рабудани ин зани соли таваллудаш 1969ро нашр кард.

Гуфта мешуд, марди одамрабо ягон ду ҳафта пеш дар Интернет бо ин зан шинос шудааст.  Дар мулоқоти аввал зан пешниҳоди мардро гӯё рад мекунад ва ӯ аз ин  ба хашм омада, вайро медуздад. Занро ба беруни шаҳр бурданӣ будаанд, вале дар роҳ бензинашон тамом мешавад ва одамрабоён барои харидани бензин ба як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ медароянд. Дар онҷо зан аз дохили мошин гурехта, дар даруни ҳоҷатхона пинҳон мешавад ва дарро аз дарун баста, ба ёрӣ даъват мекунад.

Одамрабоён аввал кӯшиш кардаанд, ки дари ҳоҷатхонаро зада шикананд. Вале кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба пулис занг задаанд ва одамрабоён фирор кардаанд.

Кормандони пулис ҷабрдидаро ба бемористон бурда, баъди муддати кӯтоҳе гумонбаршавандаҳоро дар хиёбони Гражданский дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button