ВидеоКоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ САРБАНДРО БАРОИ ХУДСАРОНА СОХТАНИ ОҒИЛУ КАҲДОН ҶАЗО ДОДААНД

Додгоҳи шаҳри Левакант Мамараимов Чалабой, сокини шаҳраки Сарбандро бар асоси қисми дуюми моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда гунаҳкор шинохта, ҷазо додааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, Мамараимов Чалабой  бар хилофи талаботи қонунгузории замин амал намуда, бидуни қарори мақомоти маҳаллӣ  4 сотих заминро аз ҳисоби заминҳои маҳалли аҳолинишини ҷамоати деҳоти Гулистон ва ҷӯйбори обгузари хоҷагии деҳқонии «Аминҷон-2016»  худсарона ишғол намуда, дар майдони 49 метри мураббаъи он сохтмони оғилхона ва каҳдонхонаро анҷом додааст.

Прокурори шаҳри Левакант, нисбати Мамараимов Чалабой, бар асоси моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ супурдааст ва додгоҳи шаҳри Левакант  Мамараимовро гунаҳкор донистаст.

Ба чӣ ҷазое маҳкум шудани Мамараимов Чалабой дар иттилоияи Додситонии кул гуфта нашудааст, вале қисми дуюми моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 солро пешбинӣ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button