ВидеоМуҳоҷирон

ДУ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕТЕРБУРГ БАРОИ РАБУДАНИ ЯК ЗАН ДАСТГИР ШУДААНД (ВИДЕО)

Ду марди зодаи Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1981 и 1991, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иттиҳоми латтукӯб ва рабудани як зани миёнсол дастгир шудаанд. Пулиси Петербург видеои лаҳзаи латтукӯб ва рабудани ин зани соли таваллудаш 1969ро нашр кардааст.

Бино ба фарзияи мақомот, субҳи 4 октябр, соати 7:22 ба пулис хабар додаанд, ки дар парковкаи назди бинои №6 дар кӯчаи Пейзажная марде як занро латтукӯб дорад. Кормандони пулис соати 7:28 ба ҷои ҳодиса расиданд, вале он мардро занро ба мошини “Ҳундай Солярис” бор карда, бо як шарикаш рабудааст. Кормандони пулис муайян кардаанд, ки марди одамрабо Рустам ном дошта, ягон ду ҳафта пеш дар Интернет бо ин зан шинос шудааст.  Дар мулоқоти аввал зан пешниҳоди Рустамро гӯё рад мекунад ва ӯ аз ин  ба хашм омада, вайро медуздад.

Занро ба беруни шаҳр бурданӣ будаанд, вале дар роҳ бензинашон тамом мешавад ва одамрабоён барои харидани бензин ба як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ медароянд. Дар онҷо зан аз дохили мошин гурехта, дар даруни ҳоҷатхона пинҳон мешавад ва дарро аз дарун баста, ба ёрӣ даъват мекунад.

Одамрабоён аввал кӯшиш кардаанд, ки дари ҳоҷатхонаро зада шикананд. Вале кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба пулис занг задаанд ва одамрабоён фирор кардаанд.

Кормандони пулис ҷабрдидаро ба бемористон бурда, баъди муддати кӯтоҳе гумонбаршавандаҳоро дар хиёбони Гражданский дастгир кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button