ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ТАЪЛИМОТИ ДИНӢ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ ҶОРӢ МЕКУНАНД

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 4 октябр маҷмӯи тағйирот ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳуриро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии ин масъала вакили парлумон Равшан Раҷабзода иброз намуд, ки лоиҳаи тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ ҳамчун ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, “тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 334.1илова карда мешавад, ки дар он минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва дар давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.” То кунун барои чунин аъмол ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шуда буд.

Дар бораи онки барои роҳандозии таълимоти динӣ чӣ ҷазоҳое пешбинӣ мешаванд, маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон маълумоте надодааст. Аммо дар ҷаласаи Шӯрои парлумон гуфта шудааст, ки тағйироти ворида ба Кодекси ҷиноятӣ ба Конститутсяи ва қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифате надорад ва аз буҷаи давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Интизор меравад, ки ин тағйирот дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ташкили мадрасаҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле ҷорӣ карда мешаванд, ки мақомот дар солҳои охир дар роҳи таълимоти динӣ мониаҳои зиёд эҷод кардаанд. Аз ҷумла ҳамаи донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар хориҷ аз кишвар машғули омӯхтани улуми динӣ буданд, маҷбуран ба Ватан баргардонданд. Дар худи Тоҷикистон тамоми мадрасаҳо ва мактабҳои миёнаи мазҳабӣ баста шуда, ягона муассисаи таълимии динӣ Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар Душанбе боқӣ мондааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ин маҳдудиятҳоро нақзи озодиҳои динии мардум меноманд, вале мақомот онро ба мубориза бо ифротишавии аҳолӣ ва пешгирӣ аз гароиши сокинон, бахусус насли ҷавон ба гуруҳу равияҳои тундгаро рабт медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button