Ҷомеа

ТАФСИЛОТИ ҲАМЛАИ ХУНИНИ МАНСУР МИРЗОАХМЕДОВ БА ЗАНУ ФАРЗАНДОНАШ ДАР ХУҶАНД

Пойгоҳи хабарии Pressa.tj бархе тафсилот ва ҳамчунин исми марди қотили фарзандаш дар шаҳри Хуҷанд ва исми қурбониёни ин ҳамлаи хунинро нашр кард.

Нашрия аз қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, ки Мирзоахмедов Мансур Мавлонович, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи маҳаллаи “Хуррамшаҳр”-и Хуҷанд шаби 1 ба 2 октябр дар натиҷаи як муноқишаи оилавӣ ба ҳамсараш Умеда Мирдадоева, соли таваллудаш 1989 ва духтаронаш Мавзунахон, соли таваллудаш 2013 ва Хумрихон, соли таваллудаш 2012 дарафтода, онҳоро бо корд зада,  сипас, бо мақсади худкушӣ худашро низ бо корд захмӣ кардааст. Вақте мошинҳои милитсия ва “Ёрии таъҷилӣ” ба ҷойи ҳодиса меоянд, алакай Хумрхон фавтида буд.

Pressa.tj  менависад, ки феълан гумонбар Мансур Мирзоахмедов, ҳамсари ӯ Умеда Мирдадоева  ва фарзанди дуюмашон Мавзунахон таҳти назорати табибон қарор доранд.

Манбаи нашрия гуфтааст, ки сабаби даст ба чунин ҷиноят задани гумонбар муноқишаи оилавӣ будааст. “Ҳамсари гумонбар Умеда Мирдадоева бинобар вазнин будани вазъи оилавӣ аз шавҳараш талаб мекунад, ки ба Русия кӯч банданд, вале гумонбар розӣ намешавад. Ин боиси он мегардад, ки байни зану шавҳар ҷангҷоли сахт бармехезад. Дар натиҷа гумонбар Мансур Мирзоахмедов бо корд ба аҳли оила ҳамла мекунад”, гуфта мешавад дар гузориш.

Қаблан маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон бидуни бурдани номҳо хабар дод, ки соати яки шаби 1 ба 2 октябр марди 39-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дар хонаи истиқоматиаш ба узвҳои бадани ҳамсараш зани 32-сола ва фарзандони ноболиғаш, духтарони 8 ва 11-сола, ки дар ҷойгаҳи худ хоб будаанд, бо истифода аз корд якчанд маротиба ба қафаси сина ва узвҳои ҳаётан муҳимашон задааст, ки дар натиҷа духтари 11-солааш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин ҳамсар ва духтари 8-солаи ноболиғаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади худкушӣ бо корд ба қафаси сина ва дастонаш зарба зада, ба худаш ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса аз тарафи прокуратураи шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 32 қ.3-104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ВКД гуфт, ин мард вақте ба зану фарзандонаш ҳамла кардааст, ки онҳо масти хоб буданд.

Ин нахустин чунин ҳодисаи қатли фарзандон аз дасти падар дар Тоҷикистон нест.

Ҳамагӣ ду ҳафта пеш маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти як марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 307 иловаи-3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми дуздӣ ва ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ суд шудааст, хабар дод.

ВКД гуфт, ин мард рӯзи 11 майи соли 2020, тахминан соати 12:50, дар хонаи истиқоматии ба иҷора гирифтааш дар шаҳри Хуҷанд, нисбати фарзанди 3-солааш шубҳа пайдо мекунад, ки ин кӯдак фарзанди ӯ намебошад. “Дар ин замина нисбат ба фарзандаш нафрат пайдо карда, кӯдакро лату кӯб намуда, дар охир ӯро бо дастонаш бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст. Сипас,  тахминан соати дуи шаби 12-уми майи соли 2020, ҷасади хурдсолро ба заминҳои бекорхобидаи деҳаи Учбоғи ноҳияи Б.Ғафуров бурда партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, –  гуфта мешавад дар гузориши расмии ВКД.

Оид ба ин ҳодиса низ бар асоси қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ин банди қонун барои куштани кӯдаки хурдсоле, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошта, аз худ ҳимоят карда наметавонад, ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон, ё ҳабси умрбод ва ҳатто ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Вале аз соли 2004 судур ва иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон таҳти мораторий қарор дорад.

Вақтҳои охир дар ҷомиаи Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши ҷиноятҳои сангин ба зидди ҳаёт ва дахлнопазирии кӯдакон талаби дар мавриди чунин ҷиноятҳо барқарор кардани ҳукми қатл зиёд баланд мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button