ВидеоФарҳанг

МУБОРАК БОД! ДУ ҶОИЗАИ БАЛАНДИ ФИЛМИ ТОҶИКӢ ДАР СИНАМОБАЗМИ ТОШКАНД (ВИДЕО)

Шоми 3 октябр дар пойтахти Ӯзбекистон дар як маросими хос исми ғолибони Ҷашнвора ё Синамобазми байналмилалии Тошканд  “Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим”-ро эълон карданд.

Ҳунарпешаи ҷавони тоҷик Абдукарим Машраб, фарзанди ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Ибодуллоҳи Машраб дар ин ҷашнвора барои иҷрои нақши асосӣ дар  филми кӯтоҳи “Сарбор” аз студияи “Симурғ Синема” (коргардонаш Манзаралӣ Шералӣ) сазовори ҷоиза барои “Беҳтарин нақши мардона” шуд.

Худи ин филми  “Сарбор” ҷоизаи “Беҳтарин филм”-ро ба даст овард.  Ин ҷоизаро ба коргардони ҷавони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ ҳунарпешаи шуҳратёри фаронсавӣ Жерар Депардйе супурд.

Некрӯз Ҷалилиён дар Фейсбук навиштааст, ки ин сеюмин ҷоизаи “Беҳтарин филм”  ва дар умум алакай панҷумин ҷоиза аст, ки филми кӯтоҳи “Сарбор” ба даст овардааст. Қаблан Саодат Сафарова низ барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Сарбор” дар Қазоқистон соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” гардида буд.

Филми “Сарбор”  дар бораи мардест, ки бо мошини кӯҳнаи “Волга” ба таксӣ машғул аст ва ӯро барои бурдани кӯч киро мекунанд. Мард ҳамроҳи кӯч занеро бо кӯдаки ширмакаш гирифта ба хонаи модари зан мебарад. Модари зан духтарашро қабул намекунад. Марди таксирон маҷбур мешавад зану кӯдакро боз ба хонаи шавҳараш биёрад…

Дар оғози ҷаншвораи Тошканд, ки баъди 24 сол дубора эҳё шуд, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева барои саҳми бузургаш дар рушди синамо сазовори ҷоизаи махсуси  ин синамобазм гардид. Ба ин ҷоизаҳои махсус ва 20 ҳазор доллар масъулони ҷашнвора чанд ситораи маъруфи синамои дунё: Раҷ Капур (Ҳиндустон), Никита Михалков (Русия), Сайрам Исоева (Тоҷикистон), Нурӣ Билге Ҷейлам (Туркия) ва Ойтурған Темирова (Қирғизистон)-ро сазовор донистанд.

Ҷашнвораи синамои Тошканд аз 28 сентябр то 3 октябр давом кард ва дар он филмҳо аз Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Миср, Беларус, Русия, Туркия, Эрон, Исроил, Ҳинд, Полша, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

Ҷашнвораи синамои Тошканд, ки  дар гузашта ҳамчун ҷашнвораи байналмилалии кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ маъруф буд, дар замони Шӯравӣ аз соли 1966 то 1988 ва баъди суқути СССР аз соли 1992 то 1997 доир карда мешуд ва яке аз муътабартарин ҷашнвораҳои синамо ба шумор мерафт. Масъулонаш умедворанд, ки ҷашнвораи “Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим” шуҳрати қаблии синамобазми Тошкандро бар хоҳад гардонд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button