АфғонистонВидеоТоҷикистон

ҶАНГҶӮЁНИ ТОЛИБОН ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН ЧӢ ГУМ КАРДААНД? (ВИДЕО)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шудааст, ки дар он ҳаракати ҷангҷӯёни мусаллаҳи ҳаракати тундрави Толибон дар марз бо Тоҷикистон сабт шудааст. Ин наворро аз тарафи Тоҷикистон  зоҳиран дар марзи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо вилояти Бадахшони Афғонистон гирифтаанд. Дар навор дида мешавад, ки толибҳои мусаллаҳ дар мошинҳои ҷип тавассути як роҳи кӯҳистонӣ аз он тарафи дарёи Панҷ ҳаракат доранд. Онҳо чунон наздиканд, ки аз ин тарафи марз, тавре дар навор дида мешавад, чанд нафар онҳоро бо телефонҳои мобили худ ба навор мегиранд. Дар видео як корманди милиса ва як низомӣ ҳам дида мешаванд, ки ҳаракати ҷангҷӯёни Толибонро дар он тарафи марз мушоҳида мекунанд ва марди ҳарбӣ бо телефон ба касе дар ин бора хабар медиҳад ва корманди милиса ба тарафи Афғонистон бо шаст даст афшонда, чизе мегӯяд.

Ин сабт дар ҳоле нашр шуд, ки ахиран Мавлавӣ Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини волии вилояти Бадахшони Афғонистон, ки аз сӯи гуруҳи тундрави Толибон таъйин шудааст, ба хабарнигорон гуфт, дар марзҳои Афғонистон, аз ҷумла дар марзҳои Бадахшон лашкари махсуси маргталабон, ё ба истилоҳ кандаки истишҳодиро ҷойгир хоҳанд кард. Аҳмадӣ гуфт, “Лашкари Мансурии Аморати исломӣ” дар вақташ ба зидди нирӯҳои амниятии ҳукумати қаблии Афғонистон ва эътилофи байналмилалӣ ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом медод ва ҳоло ба марз ба партофта шудааст.

Вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон ҷойгир шуда, бо Чину Тоҷикистон ҳаммарз аст. Вале Толибон, албатта, ҷуръат нахоҳанд кард, ки маргталабони худро дар марзи Чин ҷобаҷо карда, қаҳри “аждаҳои шарқӣ”ро барангезанд. Аз ин рӯ, сухан ба эҳтимоли ғолиб дар бораи ҷойгир кардани ин маргталабон дар марз  бо Тоҷикистон меравад. Толибон моҳи август Афғонистонро тасарруф кард, вале муносибатҳояш бо роҳбарони Тоҷикистон ҳеҷ соз наомад.

Тоҷикистон чандин бор гуфт, ҳукумати нави Афғонистонро танҳо дар сурати дар он ҷойгоҳи сазовор пайдо кардани намояндагони ақалиятҳои миллии он кишвар, бахусус тоҷикҳо, эътироф хоҳад кард. Душанбе ҳамин тавр, ба таври ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, ҳимоят мекунад.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки нисбат ба Толибон чунин мавқеи тунд гирифтаанд ва ин  роҳбарони Толибонро асабонӣ кардааст. Ду муовини раиси ҳукумати сохтаи онҳо ахиран Тоҷикистонро ба дахолат дар умурашон айбдор карда, ҳушдор доданд, ки “ҳар амал аксуламале дорад.” Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар бошад ахиран гуфт: “Агар ҷомиаи ҷаҳонӣ мудохила накунад, Тоҷикистонро дар зарфи 24 соат тасхир хоҳем кард.”

Толибон ду ҳафта пеш эълон карданд, ки нирӯҳои вижаи худ бо номи  “Лашкари Мансурӣ”-ро “бо ҳадафи рафъи таҳдидҳои амниятӣ ва дигар таҳдидҳои эҳтимолӣ” дар се вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҷобаҷо кардаанд. Толибон дар ин се вилоят ҳатто гузаштҳои ҳарбии ин ба ном “маргталабон” -ро доир кард. Дар посух Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 30 сентябр дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ парадҳои ҳарбӣ баргузор кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button