ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ЗАНГ ЗАНАМ ГУФТУ ТЕЛЕФОНРО ГИРИФТУ ГУРЕХТ: БОЗДОШТИ СОКИНИ ЁВОН БАРОИ ҒОРАТГАРӢ

Сокини 35-солаи ноҳияи Ёвон ба он гумонбар мешавад, ки шаби 22 сентябр, соати 20, дар чарогоҳи назди деҳаи Қуймот телефони мобили як ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро, ки дар Ёвон говбонӣ мекард, бо баҳонаи як занг задан гирифта, ӯро ба дохили чуқурӣ тела дода, телефони тамғаи “Самсунг А 10”ро гирифта гурехтааст.

ххххххххх

Шоми 1 октябр, соати 18:30 як мотосиклрони 56-сола дар роҳи Восеъ Фархор дар даромадгоҳи ҷамоати Деҳқонобод ба ҷипи “Нисан-Патрул” бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ххххххххх

Сокини26-солаи қаблан судшудаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 3 октябр, соати 00:30 як мошини тамғаи  “Ҳундай-Солярис”-ро  аз назди маркази дилхушии воқеъ дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.


Аз навори хабарҳои рӯзи 4 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ифшо гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки шаби 22-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар заминҳои чарогоҳи ҳудуди ноҳия Ёвон, наздикии деҳаи Қуймот, машғули нигоҳубини чорвои калони шохдор буданаш, шахси номаълум ба наздаш омада, бо баҳонаи анҷом додани занги телефонӣ, аз ӯ телефони мобилиаш тамғаи “Самсунг А10”-ро гирифта, бо мақсади тасарруф ӯро ба дохили чуқурӣ тела дода, телефони мобилии зикршударо ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1200 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Садамаи нақлиётии марговар дар роҳи Восеъ – Фархор

1-уми октябри соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи «GZET-350», Гулмаҳмадов Ҷамшед Ҳақназарович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Фархор, дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Деҳқонобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрул”, таҳти идораи ронанда, Раҳматов Хол Ҳамроқулович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Гулмаҳмадов Ҷ.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашина аз назди маркази дилхушӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи зикршуда муроҷиат намудааст, ки шаби 2 ба 3-юми октябри соли 2021, тахминан соати 00:30, шахси номаълум аз назди маркази дилхушӣ, воқеъ дар деҳаи Корези ҳамин ноҳия автомашинаи шахсиаш тамғаи “Ҳундай-Солярис”-ро, ки арзишаш 90 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаҳои 252 қисми 3, 244 қисми 2 ва 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button