ҲАЛОКАТИ МУАЛЛИФИ КАРИКАТУРАҲО БА ЗИДДИ ПАЁМБАРИ ИСЛОМ ВА МУҲОФИЗОНАШ

Ларс Вилкс, муаллифи карикатураҳои ҷанҷолбарангез ба зидди Паёмбари Ислом Муҳаммад (С) рӯзи 3 октябр дар як садама дар ҷануби Шветсия ҳамроҳ бо ҳарду афсари пулисе, ки ӯро аз соли 2010 ба ин тараф муҳофизат мекарданд, ба ҳалокат расидааст. Бино ба хабарҳо, мошини Вилкс ба як мошини боркаш бархӯрдааст. Ронандаи он мошин низ ҷароҳат бардоштааст.
Пулис мегӯяд, ин садама ба эҳтимоли ғолиб як ҳодисаи нохуш буд.
Вилкс соли 2007 дар мавҷи моҷарои нашри карикатураҳои ба зидди Паёмбари Ислом, ки аз як маҷаллаи фаронсавӣ сар шуд, дар нашрияи маҳаллии Nerikes Allehanda сари Паёмбар Муҳаммадро ба бадани як саг часпонда, нашр кард.
Ин карикатура мавҷи маҳкумиятҳоро дар саросари ҷаҳон ба бор овард ва шабакаи АлҚоида Вилксро дар ҷумлаи “душманони асосии Ислом” ворид карда, барои сари ӯ 100 ҳазор доллар ҷоиза ҳам муқаррар кард. Аз соли 2010 бино бар таҳдидҳо барои муҳофизати Вилкс ду афсари пулисро ҷудо карда буданд ва ӯ ҳамеша бо муҳофиз мегашт. Вилкс гуфта буд, ки ҳатто дар баҳои ҷонаш ҳам аз сураткашӣ даст намекашад.
Лозим ба ёдоварист, ки Вилкс то чопи карикатураҳои ҷанҷолбарангез ба зидди Паёмбари Ислом дар берун аз Шветсия шуҳрате надошт ва дар кишвараш ҳам танҳо бо як мурофиаи додгоҳии марбут ба як муҷассамаи баҳсбарангези сохтааш маъруф буд. Ин муҷассама иборат аз ғарами тахтаҳоест, ки бо мех ба якдигар часпонда шудаанд. Вилкс ин офаридаи худро ҳамчун “асари ҳунарӣ” худсарона дар як боғ дар ҷануби Шветсия насб кард, вале мақомоти маҳаллӣ арзиши ҳунарии ин муҷассамаро зери суол бурда, муаллифашро ба додгоҳ кашонда буданд.