ВидеоМуҳоҷирон

ТАНҲО 60 РӮЗ БАЪДИ ВАКСИНА! САФАРИ КӮДАКОНИ ТО 6-СОЛА АЗ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ МАҲДУД КАРДА ШУД

Бо қарори Сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябр, №126, аз ҳудуди Тоҷикистон бевосита ё тавассути кишварҳои дигар ба Русия сафар кардани кӯдакони то 6-сола ба муҳлати 60 рӯз аз замони қабули ваксинаи охирини зидди бемории фалаҷи кӯдак (полиомелит, ё иОПВ-2) манъ карда шуд.  Хабаргузории “Ховар” аз қавли маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон  хабар дод, ин тасмим бо дарназардошти он гирифта шуд, ки “то 15 сентябри соли 2021 даврҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди бемории фалаҷ анҷом дода шуд ва тибқи мушоҳидаҳо гардиши вируси бо ваксинатсия алоқаманди нОПВ-2 дар муҳити атроф, аз ҷумла дар фазлаи кӯдакони ваксинатсияшуда дар як марҳилаи аниқ муайян карда мешавад.”

Қарори то ду моҳ баъди ваксини зидди фалаҷ кӯдак манъ кардани сафари кӯдакони то шашсола аз Тоҷикистон ба Русия дар ҳолест, ки ахиран ба далели дар ҳудуди вилояти Сахалини Русия ёфт шудани ин вирус дар бадани як кӯдаке,  ки аз Тоҷикистон омада буд, дар Сахалин 28 кӯдаки муҳоҷирони тоҷикро карантин карданд ва дар чандин вилояти Русия маъракаи саросарии эмкунии кӯдакон аз фалаҷи кӯдак ба роҳ андохта шуд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар ҳолатҳои истисноӣ, бо дарназардошти то ба имзо расонидани қарори мазкур аз ҷониби волидайни кӯдакони ваксинашудаи то синни 6-сола харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймо барои сафар ба Русия танҳо бо шарти дар даст доштани ҳуҷҷатҳои зарурии иммунизатсияи ин кӯдакон бо дарҷи марҳилаҳои Рӯзҳои миллии иммунизатсия бар зидди бемории фалаҷ иҷозат дода мешавад.

Дар робита ба масъалаи мазкур Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Муассисаи давлатии “Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ, назорат дар нақлиёт ва сарҳадот” вазифадор карда шуданд, ки тавассути нуқтаҳои санитарию карантинии фурудгоҳҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд ва гузаргоҳҳои заминии марзи давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои вилояти Суғд назорати сафари кӯдакони то синни 6-сола аз Тоҷикистон ба Русияро дар давраи татбиқи қарори мазкур, бо дарназардошти ҳолатҳои истисноӣ пурзӯр намоянд.

Вазорати тандурустӣ аз волидайн даъват кардааст, ки қарори мазкурро нодида нагиранд ва то  анҷоми муҳлати дар он таъйиншуда аз сафар бо кӯдакони  то синни 6 ба Русия худдорӣ кунанд.

Вазорат мегӯяд, шаҳрвандон дар ҳолати пайдо шудани савол вобаста ба масъалаи мазкур метавонанд ба муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии маҳали зисташон муроҷиат кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button