АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

С.МУҲРИДДИН БА ДАБИРИ КУЛЛИ СММ: ТОҶИКИСТОН ТАНҲО ҲУКУМАТИ ФАРОГИРРО ДАР АФҒОНИСТОН ЭЪТИРОФ МЕКУНАД!

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 1 октябр дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню-Йорк бо дабири кулли СММ Антониу Гутерреш масоили ҳамкориҳои Душанбе бо Милали Муттаҳид, масоили мубориза бо терроризму тундгароӣ, паёмадҳои коронавирус, тағйири иқлим ва ҳамчунин вазъи Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Ҳамсуҳбатон аз ҷумла мавзӯи расонидани кумаки фаврии гуманитарӣ ба аҳолии Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишварро матраҳ кардаанд.

“Вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳукумати фарогирро бо шумули ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар Афғонистон эътироф мекунад”, — гуфта мешавад дар иттилоияи расмии департаменти иттилоот ва таҳлили вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Тоҷикистон аз ҷумлаи ангуштшумор кишварҳоест, ки ҳамчунон ташкили ҳукумати фарогир бо ҷаоби намояндагони тамоми қавмҳои Афғонистон, бахусус тоҷикони он кишварро шарти эътирофи режими нави Толибон ном мебаранд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон чандин бор таъкид кардааст, ки тоҷикҳо 46% аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳар ҳукумати он кишвар ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ахиран Имрон Хон, сарвазири Покистонро, ки кишвараш як пуштибон ва ҳатто маблағгузори асосии ҳаракати тундрави Толибон ном бурда мешавад, ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар Душанбе мутақоид кунад.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 2 октябр бо ташаббуси ҷониби Покистон гуфтугӯи телефонии Имрон Хон ва Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Бино ба ин манбаъ, дар ҷараёни суҳбат “ба вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.”

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки вазъи ин кишвари ҳамсоя ҳамчунон дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад, зеро рӯйдодҳои Афғонистон ба вазъи амният дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд. Президенти Тоҷикистон боз ҳам роҳандозии муколамаи васеи  байни нерӯҳои мухталифи Афғонистонро яке аз омилҳои муҳими барқарории сулҳу субот дар он кишвар номида, “бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба мақсади мусоидат ба ин раванд дар доираи имкониятҳои мавҷуда иброз доштааст.” Ду тараф тавофуқ кардаанд, ки тамосу машваратҳоро оид ба қазияи Афғонистон дар ҳамаи сатҳҳо идома диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button