РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА 79 ОМӮЗГОР 3-ҲАЗОРӢ ҶОИЗА ДОД (12 АКС)

Шанбеи якуми ҳар моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ имсол бо қарораш аз 1 октябр таҳти №573 “Дар бораи ҳавасмандгардонии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” аз буҷаи пойтахт 237 ҳазор сомонӣ ҷудо кард ва 79 омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 (се ҳазор) сомонӣ ҳар кадом ҳавасманд карда шуданд.
Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ гуфт, ин қарор “бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворгардида, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба Рӯзи омӯзгорон” содир шудааст.
Рӯзи 2 октябр дар як маросими вижа дар Кохи “Сурӯш” бо иштироки муовини шаҳрдори Душанбе Муина Мавсумӣ ҷоизаҳо ба ин 79 омӯзгори пешсафа супурда шуд.
“Илова бар ин, як гурӯҳ пешсафони соҳа бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инак қариб 5 сол боз шаҳрдори пойтахти ин кишвар аст. Ӯ моҳи январи соли 2017, вақте ҳамагӣ 29 сол дошт, аз ҷониби падараш ба ҷои Муҳаммадсаид Убайдуллоев раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд.
Дар иттилоияи шаҳрдорӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз соли 2017 то 2021, яъне дар солҳои ба Душанбе раҳбарӣ кардани Рустами Эмомалӣ, дар пойтахти Тоҷикистон 29 мактаб барои қариб 23 ҳазор ҷои нишаст дар як баст ва 11 кӯдакистону боғчаи кӯдакон бунёду азнавсозӣ ё тармуми шудаанд. Барои ин 752,5 миллион сомонӣ масраф шудааст.
Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе 268 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд. Дар мактабҳои миёнаи пойтахт феълан беш аз 11 ҳазор муаллим ба таълиму тарбияи насли наврас машғул будаанд.












