МАРГИ КОРМАНДИ МАКТАБИ №27 БАЪДИ ПАХТАЧИНӢ: ҲАМОН РӮЗ 70 КИЛО ПАХТА ЧИДУ…

Раҳбар Собирова, фарроши мактаби рақами 27-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки давоми 10 рӯз ба пахтачинӣ сафарбар шуда буд, дар роҳи бозгашт ҷон додааст.
Раҳбар Собирова, ки тоза рӯзи 25 сентябр ба синни 53 расида буд ва 5 сол боз дар мактаби №27 фаррошӣ мекард, ҳамроҳи кормандони ин муассисаи таълимӣ барои 10 рӯз ба заминҳои пахтазори хоҷагии ба номи Қушато сафарбар шуда буд, вале бегоҳи рӯзи 8 -ум дар бошишгоҳи саҳроӣ аз олам гузашт.
Абдулаким Ахмедов, мудири мактаби № 27 ба хабаргузории “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, Собирова зоҳиран солим буд ва аз саломатиаш шикоят намекард, аммо бегоҳии рӯзи ҷумъа, 1 октябр вақти расидан ба бошишгоҳи саҳроӣ, ки барои ҷойи хоби кормандони мактаб омода шуда буд, ногаҳон қалбаш аз кор бозмондааст.
“Собирова солим буданд ва яке аз ҳашарчиёни пешқадам буданд. Ҳамон рӯз 70 – кило пахта чида, ҳамроҳ бо ҳамкорон то бошишгоҳи саҳроӣ расидаанд, вале соатҳои наздик ба 19 -и бегоҳ бандагӣ кардаанд”, – гуфтааст мудири мактаб.
Ҷанозаи Раҳбар Собироваро рӯзи 2 октябр дар қабристони ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хок супурдаанд.
Фавти ин фарроши мактаб дар пахтачинӣ дар ҳолест, ки рӯзи 14 сентябр Меҳронаи Фурӯзон, хонандаи синфи 9 -и мактаби миёнаи № 2 ноҳияи Зафаробод низ баъди пахтачинӣ дар пахтазор зери чархи трактор монда ба ҳалокат расид.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шарҳи марги Меҳрона гуфтанд, ки ин хонандаи мактаб аз беэҳтиётии худаш зери чархи трактор ба ҳалокат расидааст ва ба ин далел дар робита ба марги ӯ парванда накушодаанд. Аммо волидони Меҳрона мегуянд, фарзанди онҳо аз сӯи масъулони маориф ба таври иҷборӣ ба пахтачинӣ фиристода шуда буд ва масъулон амнияти онҳоро дар пахтазор таъмин карда натавонистаанд.
Гулсара Назирова, модари Меҳрона дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дарсҳои фарзандаш баъди пешин шурӯъ мешуд, вале рӯзи 14 сентябр бо дастури масъулини маорифи ноҳия, омӯзгорон онҳоро ба пахтачинӣ бурда, то бегоҳ дар пахтазор нигоҳ доштаанд.
“Аз синфи 9 Меҳронаву Сарвиноз, инчунин се писар ҳам будаанд. То соатҳои ҳафти бегоҳ онҳоро дар саҳро нигоҳ доштаанд. Меҳрона ва Сарвиноз дар болои оҳани бордони (притсеп) трактор истода будаанд, вале ин вақт ронанда тракторро ба ҳаракат медарорад, ки Сарвиноз худро ба як тараф мепартояд, вале Меҳрона ба замин афтида, зери чархҳои трактор мемонад”, – нақл кард модари ғамзадаи Меҳрона.
Дар Тоҷикистон маъракаи пахтачинӣ беш аз як моҳ боз идома дорад. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳо умдатан дастӣ сурат мегирад ва ба мисли солҳои қаблӣ имсол ҳам кормандони соҳаи буҷавӣ, аз ҷумла омӯзгорон ва табибони бемористонҳо ва ҳамчунин қисме аз хонандагон бо дастури мақомот ба пахтачинӣ фиристода мешаванд.
