ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

КОРМАНДИ ҚАЛБАКИИ ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ “УМЕД САИДОВ” БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ сокини деҳаи Боғи Зоғони ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон  Шаҳбоз Абдураҳмоновро бо ҷурми қаллобӣ ба миқдори махсусан калон ва сӯиистифода аз номи дастгоҳи президенти Тоҷикистон ба 10 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, Шаҳбоз Абдураҳмонов дар аввали соли ҷорӣ худро “Саидов Умед, корманди Дастгоҳи иҷроияи Президента Тоҷикистон” муаррифӣ карда, ба чанд сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ваъда додааст, ки агар барояш пул бидиҳанд, ӯ метавонад бо истифода аз мансаби худ барояшон дар ҳудуди ин ноҳия қитъаҳои замин гирифта бидиҳад. Ба ҳисоби тафтишот, ин нафар дар умум дастикам 18 сокини Ҳамадониро ба маблағи умумии 91 ҳазору 800 сомонӣ фиреб додааст. Тавре аз маводи парванда бармеояд, ин корманди қалбакии дастгоҳи президент  ҳатто аз маблағҳои хурд ҳам рӯ намегардонд ва барои мисол аз шаҳрванд Ю.Рустамов ҳамагӣ 500 сомонӣ “залог” гирифтааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Додситонии кул, Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич, истиқоматкунандаи деҳаи Боғи Зоғон, ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон, аввалҳои моҳи феврали соли 2021 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ ба боварии шаҳрванд Подшоева Миҷгона Бахтиёровна, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, даромада, худашро бо номи Саидов Умед корманди Дастгоҳи иҷроияи Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда, ваъда додааст, ки ба ӯ 4500 сомонӣ диҳад ва бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш қитъаи замин наздиҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Даштигулои ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣро ҷудо карда медиҳад. 

“Аммо ӯ ин пули бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро аз номбурда гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин кирдораш ба шаҳрванд Подшоева М.Б. ба маблағи 4500 (чорҳазору пансад)-сомонӣ зарар ба микдори махсусан калон мерасонад”, гуфта мешавад дар гузориш.

   Боз ӯ, такроран аввалҳои моҳи феврали соли 2021 сол бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ба боварии шаҳрванд Файзова Гулнорой Менгалиевна, сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, даромада, худашро  боз ҳам бо номи Саидов Умед корманди Дастгоҳи президент муаррифӣ карда, ваъда додааст, ки агар ба ӯ 10-ҳазор сомонӣ диҳад, бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз ҳудуди ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ  барояш қитъаи замин ҷудо карда медиҳад.

 Аммо ӯ ин пулро ҳам ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш ба шаҳрванд Файзова Г.М. ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ зарар ба микдори махсусан калон расонидааст.

   “Ба ҳамин монанд ӯ, боз дар ин давра бо муаррифии худ бо номи Саидов Умед ҳамчунин корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фиреб ва сӯъистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон

Элназаров Н.Ф. маблағи 1500 сомонӣ,

Мирзоалиев А.Қ. маблағи 3500 сомонӣ,

Сафаралии Т. маблағи 7000 сомонӣ,

 Ҷумаев С.Т. маблағи 5000 сомонӣ,

 Одинаев Э.Р. маблағи 4500 сомонӣ,

Амиршоев Ҷ.Ғ. маблағи 8000 сомонӣ,

 Мирзоалиева М.Қ. маблағи 3500 сомонӣ,

Амиров Ф.Х. маблағи 4000 сомонӣ,

Ҷумаев М.А. маблағи 4000 сомонӣ,

Эгамбердиева Ф.Р. маблағи 3500 сомонӣ,

 Эгамбердиева С.А. маблағи 3500 сомонӣ,

Абдуллоева С.Ҳ. маблағи 3500 сомонӣ,

 Шарифов Б.Н. маблағи 3500 сомонӣ,

 Пирназаров С.С. маблағи 10800 сомонӣ,

Рустамов Ю.А. маблағи 500 сомонӣ ва

аз Қурбонов М.А. маблағи 9000 сомонӣ гирифташро ба манфиати шахсияш истифода бурда, ба шаҳрвандони болозикр зарари махсусан калони моддӣ расонидааст”, гуфта мешавад дар гузориши маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон.

   Прокурори ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, нисбати Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич, бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в”, 247 қисми 3 банди “в” ва 247 қисми 4 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ, ба суд фиристонидааст.

   Бо хукми суди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмонов Шаҳбоз Ҳайдаралиевич, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button