АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ТОЛИБОН АРТИШИ МАРГТАЛАБОНРО ДАР МАРЗ БО ТОҶИКИСТОН ҶОЙ КАРДАНИАНД

Нисор Аҳмад Аҳмадӣ, муовини волии вилояти Бадахшони Афғонистон, ки аз сӯи гуруҳи тундрави Толибон таъйин шудааст, ба хабарнигорон гуфт, артиши махсуси маргталабон, ё ба истилоҳ кандаки истишҳодиро дар марзҳои Афғонистон, аз ҷумла дар марзҳои Бадахшон ҷойгир хоҳанд кард. Бисёриҳо дар ин суханон идомаи ҷанги таҳдидҳоеро, ки чанд вайт боз байни Толибон ва ҳукумати Тоҷикистон идома дорад, мебинанд.

Аҳмадӣ гуфт, манзураш аз кандаки истишҳодӣ “Лашкари Мансурии Аморати исломӣ” аст. Ба гуфтаи ӯ, ин кандак монанди гуруҳҳои маргталабонест, ки дар вақташ ба зидди нирӯҳои амниятии ҳукумати қаблии Афғонистон ва эътилофи байналмилалӣ ҳамлаҳои интиҳорӣ анҷом медоданд.

“Бидуни ин кандак шикасти Амрико ғайримумкин буд. Ин сарбозони ҷасур камарбандҳои интиҳориро баста, пойгоҳҳои Амрикоро дар Афғонистон метарконданд. Ин мардемст, ки тарсро намедонанд, ки чист ва худро ба Аллоҳ бахшидаанд ”, – нақли қавл кардааст аз муовини волии Бадахшон хабаргузории Khaama Press.

Вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон ҷойгир шуда, бо Чину Тоҷикистон ҳаммарз аст. Вале Толибон, албатта, ҷуръат нахоҳанд кард, ки маргталабони худро дар марзи Чин ҷобаҷо карда, қаҳри “аждаҳои шарқӣ”ро барангезанд. Хусусан дар ҳоле ки феълан ба кумаки Пекин зиёд умед бастаанд.

Аз ин рӯ, сухан ба эҳтимоли ғолиб дар бораи ҷойгир кардани ин маргталабон дар марз  бо Тоҷикистон меравад. Муносибатҳои Толибон бо роҳбарони Тоҷикистон аз замони қудратро ба даст оварданашон ҳеҷ соз наомад.

Толибон ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки “Лашкари Мансурӣ”ро дар се вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Кундуз, Тахор ва Бадахшон ҷобаҷо кардаанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи 25 сентябр хабар дод, ки Толибон даҳҳо ҳазор аскару афсари нирӯҳои вижаашро дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор мустақар кардааст. Ӯ навишт, “даҳҳо ҳазор нафар аз нирӯҳои вижаи “Лашкари Мансурии Аморати исломӣ” дар Тахор бо ҳадафи рафъи таҳдидҳои амниятӣ ва дигар таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷобаҷо карда шудаанд.”

Толибон ҳатто гузаштҳои ҳарбии ин ба ном “маргталабон”ро баргузор кард, вале нозирон мушоҳида карданд, ки шумори маргталабон дар ин парадҳо на “даҳҳо ҳазор” ва на “ҳазорон”, балки ҳамагӣ чандсад нафар аст ва он ҳам бештар ҷавонони тоза ба хидмат истихдомшуда, на маргталабони пуртаҷриба ва машқдида.

Дар посух Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 30 сентябр дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ парадҳои ҳарбӣ баргузор кард.

Роҳбарони Толибон, ки аз пуштибонии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ аз сӯи Тоҷикистон ба хашм омадаанд, Тоҷикистонро ба мудохила дар умури онҳо айбдор карда, таҳдид карданд, ки “ҳар амал аксуламале дорад.” Ва нуқтаи авҷи ин ҷанги сард таҳдиди рӯирости Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар шуд, ки ахиран хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Агар ҷомиаи ҷаҳонӣ мудохила накунад, Тоҷикистонро дар зарфи 24 соат тасхир хоҳем кард.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button